Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
Ин дарахти машҳур аст, самараш кулӯлаи хорнок, баргаш паҳн.
Мизоҷаш сард ва тар аст, мизоҷи самар ва пӯсти он бисёр сард ва хушк мебошад.
Хислатҳои шифобахши он: баргашро пухта, нав ба нав гузошта банданд, варами чашмро таҳлил медиҳад ва ба чашм рехта шудани моддаҳои тармизоҷ ва обравии чашмро манъ месозад; варамҳои сарди мулоим, варами зону ва варамҳои ҳар як узвро, ки бошад, таҳлил медиҳад, инчунин варамҳои гармро низ дафъ мекунад. Барги тарашро наҷӯшонида кӯфта гузошта банданд, дарди зону ва варамҳои гарммизоҷро дафъ менамояд.
Пӯсти тарашро дар сирко ҷӯшонида, он сиркоро дар даҳон бигардонанд, дарди дандонро таскин медиҳад.
Барги хушкашро кӯфта бипошанд, реш, захм ва ҷароҳатҳоро хушк мекунад, ба сӯхтагии оташ даво мешавад.
Пӯсташро сӯхта гузошта банданд, бисёр поккунанда ва хушккунанда аст, барои пес, дур кардани рӯтубати бадбӯи захмҳо доруи хубест; агар инро бо об хамир карда гузошта банданд, иллати пӯстхезак (пӯстпартой)-ро шифо мебахшад.
Самари инро дар об ҷӯшонида, он обро бо шароб якҷо карда бинӯшанд, заҳри ҷонварони газидаро аз бадан дафъ мекунад.
Барг ва самарашро кӯфта, бо равған хамира сохта гузошта банданд, сӯхтагии оташро шифо мебахшад.
Инчунин барг ва самари онро дар хона дуд кунанд, ғамбуски саргинро аз он ҷо мегурезонад, инчунин онро дар об ҷӯшонида, он обро муттасил бипошанд, низ ҳамин асарро дорад.
Ғуборе, ки бар рӯи барги он менишинад, ба касабии шуш, овоз, гӯш ва чашм хеле зарарнок аст агар ба онҳо бирасад. Дар ин ҳолат шири тозадӯшидаро бихӯранд ва бичаконанд, ислоҳи зарар мекунад.
- Сабзии саҳрой
Ин ҳамон сабзии худрӯй, яъне даштӣ аст. Ғафсии бехрешан он ба миқдори ангуште, часпак, андак

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо