Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

Инро дар об ҷӯшонида, он обро дар даҳан гардонанд, барои пӯсидани дандонҳо дармон мебошад. Кӯфтаи ин гиёҳро бо асал хамир сохта, лесида бихӯранд, душвории нафас, нафаси роста (ростнафас)-ро дору мешавад.

Аз 17,5 то 35 грамм кӯфтани онро бо шароб биӯшоманд, барои газидани саги девона ва ғунда даво мешавад.

Инро кӯфта гузошта банданд ҳам, барои бемориҳои номбурда шифо мебахшад, дилро қувват медиҳад, савдоро ба таҳлил мебарад ва дафъ мекунад; агар бо сирко даромехта гузошта банданд, ханозер (хукгардан)-ро дафъ созад, меъдаи сарди тармизоҷро қувват мебахшад, таомҳои бадҳазмро латиф мегардонад, оруғ ва хоб меоварад фавран.

Оби баргашро бимоланд, барои кӯтури савдовӣ, мӯрчагазак, нори форсӣ ва захмҳои хӯранда даво мешаванд; агар инро бо намаке даромехта дар ҳаммоми гармиаш мӯътадил бимоланд, ханозерро таҳлил медиҳад, инчунин кашокашӣ ва ларзонидани табҳоро дафъ мекунад.

Баргашро бибӯянд, гиреҳҳои майнаро мекушояд.

Онро дар об ҷӯшонида, дар он об занҳо то ноф даромада нишинанд, ҳайзи бандгаштаи онҳоро мекушояд. Вале ба сурин зарар дорад гуфтаанд. Дар ин ҳолат шилми бодомҳоро бихӯранд, ислоҳи зарар менамояд.

Ба ҷои ин гиёҳ ду баробари вазнаш абрешим ва аз ду ҳиссаи он пӯсти меваи турунҷро бихӯранд, равост.

Миқдори як бор хӯрдан аз гиёҳи хушки он дар як рӯз то 35 ва аз тару тозаи он то 70 грамм аст.

Феълҳои тухмаш дар шифои зайфтар аз барги он мебошад. 4,5 грамм аз ин бихӯранд, барои ларза ва кашокашии бадан ва дарди рӯдаҳо дору мешавад.

Миқдори як бор хӯрдан дар як рӯз аз тухми ин 9 грамм аст.

  1. Бед

Мурод аз беди шифобахш гуфтан беди оддӣ аст, ки ба ҳама маълум мебошад. Беҳтаринаш дар лаби об рӯидаи он аст. Низ бед самар ҳам дорад, ки онро хӯшан бед меноманд.

пешина
аз 702
навбатӣ