Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
ва решро нест мегардонад: бо оби кашниз даромехта гузошта банданд, донача ва обилаҳои сурхаки дар пӯст дамидаро, ки даванда ва зиёдшаванда бошанд, ба ибро меоварад, инчунин реши раддиро (злокачественные язвы)-ро шифо мебахшад.
Аз гули кӯкнор равған ҳам тайёр мекунанд ба ин тариқ. Дар зарфи шиша то нима равғани кунҷиди тоза андохта, онро аз гули тару тозаи кӯкнор пур намуда, то чил рӯз ба офтоб мегузоранд, ба шарте, ки ҳар ҳафта гулро фишурда дур сохта, гули нав дохил кардан даркор аст. Баъд равғанро соф карда нигоҳ медоранд.
Тарзи дигараш ин аст. Агар гули тари кӯкнор ёфт нашавад, гули хушки кӯкнорро ҳар чӣ қадар, ки хоҳанд, бигиранд. Дар оби панҷ баробари вазни гул як шабонарӯз тар карда, баъд онро бо оташи мулоим биҷӯшонанд, то он ки чоряки об бимонад. Пас молида, аз матоъи бофташ зич гузаронида соф намуда, он обро дар зарфе карда, аз болояш баробари вазни об равғани кунҷиди тоза дохил карда, бо оташи мулоим биҷӯшонанд, то об тамоман бухор шуда, равған бимонад, вале эҳтиёт кунанд, ки равған доғ нагардад.
Ин равғани гули кӯкнорро биҳӯранд, караҳтӣ меоварад, дардҳои гарммизоҷро таскин медиҳад, варамҳои гармро мегардонад; барои назла, сурфан гарм дармон мешавад. Агар нимгарм дар гӯш бичаконанд, дарди онро, ки аз гармӣ бошад, таскин медиҳад, инчунин варами гарми даруни онро шифо мебахшад.
Барги кӯкнорро дар об ҷӯшонида, он обро бо асал сиришта, лесида биҳӯранд, назлаҳои гуногунро банд мекунад, сурфаро таскин медиҳад, исҳоли кӯҳнаро мебандад.
Барги онро дар об ҷӯшонида, он обро ба сар бирезанд, бехобиро дафъ мекунад.
Кунгураи кӯзаи, яъне сари кӯсаки кӯкнорро кӯфта, бо орди ҷав хамир сохта гузошта банданд, сурхбод ва варамҳои гармро дафъ мекунад.
Решан онро дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшанд, ба иллати ҷигар шифо мебахшад, моддаи ғафси меъдаро рақик мегардонад.
Барги наврӯидаи онро бо равған аз пиёз бирён намуда тановул кунанд, фараҳ мебахшад, хоб меоварад ва исҳолро банд месозад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо