Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
менишинад, ғафс ва часпак аст — ҳамаашро ҷамъ намуда, бангиҳо чун тамоку мекашанд, ки карахтӣ ва мастии шадиди ба худаш хосе меоварад. Хусусан шабнами он, ки ҳар чӣ қадар ғализтар, часпандатар ва шахтар бошад, кавитар мешавад, басост, ки бо сабаби камоли қувваташ кашандаашро ҳалок месозад.
Ин растанӣ дар аксари мамлакатҳо мерӯяд: навъҳои саҳроӣ ва бӯстонӣ дорад. Қисми бӯстониаш дар ҳақиқат канаф аст, зеро ки пӯсти пояаш ҷудо мешавад, инчунин пояаш миёнхолӣ мебошад. Гулаш сафедранг, тухмаш монанди мурч кулӯла аст, ки шохдона номида шудааст. Кашидани ин касро аз ақл бегона мекунад, ҳатто девона мегардонад. Ҳуллас, ки чизи бадфнол аст.
Мизоҷи баргаш мураккабқувват ва дар дараҷаи саввум сард ва хушк аст, гармии сабук ҳам дорад. Мизоҷи тухмаш гарм ва хушк дар дараҷаи саввум, мизоҷи пӯсташ сард ва хушк дар ғояти бадӣ мебошад.
Хислатҳои шифобахши он: баргаш бинобар мураккаб будани қуввати он аввалан фараҳ ва сурур меоварад, ранги рӯйро неку мегардонад, маст мекунад — ин аз сабаби гармии сабуки мизоҷаш мебошад, вале аз сабаби ҷузъи сардии мизоҷаш карахтӣ меоварад. Баъд аз барҳам хӯрдан ва таҳлил ёфтани ҷузъи гармии сабукаш хислати ҷузъи бади сардмизоҷиаш зоҳир гашта, феълҳои (таъсири) раддиаш ба амал меоянд. Низ аз сабаби ҷузъи гармнаш хаёл ва фикрро сабук ва дақиқ мегардонад, ташнагӣ ва иштиҳои таом меоварад, дар аввал шаҳвати боҳро зиёда менамояд ва дар охир аз он акси ҳамаи ин хислатҳо зоҳир мегарданд, боиси тира гаштани рӯҳи майна, торикӣ ва камқувватии чашм мешавад; ба иллатҳои девонагӣ, молихулиё, тарсончакӣ ва истисқо гирифтор месозад, қуввати боҳ, яъне пушти камарро суст мегардонад ва оқибат барҳам медиҳад. Зеро ки хушккунандаи манӣ мебошад. Чизҳои ширин қуввати онро меафзояд, вале ашъёи турш нобудкунандаи қувватҳои он мебошанд.
Барги хушки канафи саҳроиро кӯфта, дар бинӣ бирезанд ё бикашанд, майнаро аз олоишҳо пок месозад.
Барги тари канафи саҳроиро кӯфта, фишурда, обашро гирифта, дар офтоб ғафс гардонанд — ниро усорааш меноманд, баъд бо он бишӯянд, сабӯсак ва шапуши сарро дафъ мекунад.
Усораи барги канафи саҳроӣ ва равғани онро чаконанд,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё