Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
виро пароканда мегардонад, хунро соф мекунад ва дарунро мулоим медорад.
Чун 25 грамм испандро кӯфта, дар 100 грамм об биҷӯшонанд, баъд он обро соф намуда, бо 75 грамм асал ва 50 грамм равғани кунҷид бинӯшанд, сахт кай меоварад, узвҳои даруни сина ва қисми болои баданро аз рутубатҳои часпак пок месозад, зиқ-ун-нафас (астма) ва сурфаи тарро дафъ мекунад.
300 грамм испанди хушкро кӯфта, дар 9 литр оби ангур то чорьяки об мондан биҷӯшонанд, дарди сари кӯҳна ва саръро (припадкаро) шифо мебахшад. Чун зане, ки ҳомила мешуда бошад ва баъд нашуда монда бошад, аз ин таркиб то се рӯз ҳар рӯз 50 грамм бинӯшад, боз ба зодан давом мекунад.
Испандро махин кӯфта, бо заъфарон, заҳраи мурғи ошӣ бо об фурӯ баранд, аз иллати ирқуланнасо (радикулит) наҷот меёбанд.
100 грамм испанди кӯфтагӣ, 100 грамм тухми зағири кӯфтагиро бо 1,5 килограмм асал сиришта, аз ин таркиб ҳар рӯз се маҳал якқошуқӣ бихӯранд, зиқ-ун-нафасро дафъ мекунад ба шарте, ки фишори хун баланд набошад. Агар ба ин 4,5 грамм сӯхтагии шишаро ҳамроҳ карда бихӯранд, сангҳои гурда ва ҳиҷакро майда карда мерезонад.
Сӯхтани шиша он тавр аст, ки мо дар муқаддима баён кардем.
Испандро махин кӯфта, бо заъфарон, заҳраи мурғи хонагӣ, асал, шароб, оби арпабодиёни сабз даромехта, ба чашм кашанд, беқувватии чашмро, ки сабабаш бисёр шудани балғам дар ин узв бошад, шифо мебахшад.
Испандро дар об ҷӯшонида, он обро ба узвҳои заиф бирезанд, онҳоро қувват мебахшад ва карактиро дафъ мекунад. Испандро дар об бо равғани кунҷид ҷӯшонида, биёшоманд ва ба он мудовамат намоянд, ҳамаи иллатҳои ҷигар ва шушро дафъ месозад.
Испандро махин кӯфта, бо равғани шибит даромехта, ба ноф ва тиҳигоҳ (ҳолияки паҳлу) бимоланд, қулинҷи (колити) кӯҳнаро дафъ мекунад.
Испандро кӯфта, гарм карда, батакрор гузошта банданд, барои фолиҷ, суст ва нотавон гаштани узв, карактӣ, дардҳои бодӣ ва ғайраҳо, ки дар ҳар як узве бошад, шифо мебахшад. Агар муттасил бо сеяк вазни он кӯфтаи занҷабили хушк, бо оби барги сагангур

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё