Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
Агар онро дар сирко пухта бимоланд, варамҳои гуногун ва истискоро (водянкаро) таҳлил медиҳад, дарди луккосиро басанда мекунад, арақ карданро қатъ месозад.
Ҳар як қисми наботи онро кӯфта гузошта банданд, узвҳои суст ва нотавонгаштаро ба ҳоли сиҳати аслиашон бармегардонад ва намегузорад, ки моддаҳои заҳрнок ба узвҳо рехта шаванд, рутубатҳои бегонаро хушк мекунад.
Баргашро дар оташ гарм карда ба чашм банданд, дарди чашмро шифо мебахшад; ба сар гузошта банданд, дарди сари аз хунукӣ сарзадаро таскин медиҳад, назлаҳои сарро аз фуромадан манъ месозад; ба хояҳо гузошта банданд, оби ба даруни онҳо фуромадаро пароканда ва дафъ менамояд; агар инро ба варамҳо ва пучаку чиртакҳо гузошта банданд, онҳоро таҳлил медиҳад ва мепазонад.
Миқдори як бор хӯрдӣ дар як рӯз аз тухми он то ним грамм аст. Вале агар аз ин як грамм бихӯранд, низоми фикрро вайрон ва як шабонарӯз девона мегардонад.
Одамоне, ки дар шушашон пуфакчаҳо дошта бошанд ва ё ба гриппҳои вирусӣ гирифтор гарданд ва инчунин гирифтори варами пардаҳои даруни сина бошанд, ҳар рӯз як дона барги миёнаҳаҷми онро дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшанд, шифо мебахшад. Вале дар ин амал баъзе одамонро як ё ним соат гаранг мекунад.
- Янтоқ
Инро тоҷикони қадим шутурхор меномиданд.
Дар хусуси мизоҷи ин қавлҳо гуногун мебошанд. Баъзе гарм ва хушк ва баъзеи дигарҳо сард ва хушк донистаанд.
Хислатҳои шифобахши он: ин хусусиятҳои гардонандагии варамҳо, кушояндагии гиреҳҳо ва поккунандагӣ дорад, бар зидди заҳрҳо тарёк мебошад.
Агар инро бихӯранд ё гузошта банданд ва ё онро сӯхта ба дудаш бидоранд, бавосирро дафъ мекунад.
Оби гиёҳи тарашро ситонида ба чашм бимоланд, гули тунуки чашмро дур месозад.
Се қатра оби холиси онро ҳангоми дили наҳор будан

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё