Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

Баргашро сӯхта, дар об шуста гузошта банданд, барои сӯхтагии оташ даво мешавад, вале агар онро ношуста гузошта банданд ё бипошанд, реш ва захмҳои тарро шифо мебахшад.

Баргашро пухта ба дабба (чурра) гузошта банданд, шифо мебахшад; ба ҷароҳатҳо бибанданд, даҳани онҳоро ба ҳам оварда сиҳат мекунад; ба узвҳои нотавонгашта гузошта банданд, онҳоро ба қуввати аслиашон меоварад; ба ҷое, ки хун мерафта бошад, гузошта банданд, хуни онро мебандад, ба захмҳо банданд, онҳоро хушк менамояд; инчунин агар гузошта банданд, варамҳоро таҳлил медиҳад ва мондагиро барҳам мезанад. Баргашро соида, бо орди ҷав ва об хамир карда гузошта банданд, варами гарми чашмро таҳлил медиҳад; сурхбод, доначаҳои сӯзони пӯст ва сӯхтагии оташро шифо мебахшад.

Шилми онро ос карда, дар бинӣ бирасанд, майнаро аз рутубатҳои зиёдатӣ пок месозад; агар дар бинӣ бипошанд, бавосири даруни биниро, яъне гӯшти зоиди дар даруни он рӯидаро дур менамояд. Агар оби самари тару тозаи онро дар офтоб хушк карда, дар бинӣ гузоранд, низ бавосири биниро дафъ мекунад; инчунин бар мақъад бипошанд, бавосири он мавзеъро шифо мебахшад. Ва агар бо гулнор ҳамроҳ карда бипошанд, решҳои тари сар ва дигар решҳои баданро хушк мегардонад, инчунин решҳои римнокро пок месозад.

Самарашро бихоянд, обравии даҳанро ислоҳ мекунад.

Барг ва самарашро кӯфта, бо мумравғани зайтунӣ сиришта гузошта банданд, меъдаро қувват медиҳад.

Яке аз хислатҳои сарв он аст, ки агар барг ва самари онро дар хона нигоҳ доранд, ба даруни хона пашша намедарояд ва агар дохил гардад, онро мекушад.

Акнун дар бораи самараш муфассал баҳс намоем. Ин манъкунандаи хунравиҳо мебошад, асабҳоро қавӣ мегардонад, рутубатҳои нодаркор ва зарарнокро дар ҳар як ҷои бадан, ки бошад, хушк мекунад; меъда, ҷигар, сипурз ва рӯдаҳоро қувват мебахшад, зеҳнро тез мекунад, даҳанро хушбӯ менамояд.

Агар онро кӯфта, бо асал ва гулоб сиришта бимоланд, барои дарди нимсар, дарди сари аз хунукӣ баамаломада даво мебошад. Ва кӯфтаи онро бо шароб биёшоманд, мании зудояндаро дер меомадагӣ мегардонад,

пешина
аз 702
навбатӣ