Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

бошанд, мартабае аз мартабаҳо ҳисоб намекардаанд.

Инро ҳам бояд гӯем, ки баъзе чизҳои мураккаб сурати навъия надоранд, монандӣ хоки бо об омехташуда ва кафке, ки мураккаб аст аз обу ҳаво, инчунин бухоре, ки аз обу оташ ҷамъ омадааст. Вале ҳар он чӣ сурати навъия дошта бошад, ё маҳкам-ут-таркиб (таркибаш мустаҳкам) аст ё ғайри он.

Мураккаб-ул-қуво давоест, ки ҷавҳари он аз чанд чиз таркиб ёфтааст, ки ҳар як қисми он ҳангоми бо дигарон таркиб ёфтан ба мизоҷи хос соҳиб мегардад. Агар давоҳое, ки дар сурати унсурҳои чоргона таркиб ёфта бошанду пурра омезиши ягона наёфта бошанд ва баъд аз дар бадан ворид шудан аз ҳамдигар ҷудо гашта, яклухт таъсир бахшида наметавонанд ва ҳар яке ба таври танҳои таъсир менамоянд, ки ҳар яке аз онҳо ба як мизоҷ ва як сурат соҳиб мебошанд ва онҳо замони дуру дароз сурати навъияи худро нигоҳ медоранд — инҳоро том-ут-таркиб меноманд. Агар баъд аз ворид шудан дар бадан қисмҳои онҳо аз ҳамдигар ҷудо гашта, ҳар яке ба таври ҷудогона таъсир ва кайфият зоҳир намояд, онҳоро давоҳои ноқис-ут-таркиб мегӯянд. Зеро ҳар яке онҳо ба якдигар зид ва гуногун буда, мувофиқи хислати худ баъзе ба зудӣ, баъзе ба дерӣ таъсир мебахшанд, монандӣ ҳаҷар-ул-яҳуд, ҷадвор, чӯби чинӣ, гулисурх, гулоб ва аксари давоҳои подзаҳрияву тарьёқия, инчунин ҳамаи давоҳои боҳафзо, мисли сабзии саҳрой, ҷавзи бавво, баҳманҳо, занҷабил ва монандӣ инҳо. Дар ин гуна давоҳои растанӣӣ аксар рутубати фузлия ба рутубати аслияи он ғолиб мебошад.

Бояд дар ин ҷо равшантар баён намоем, ки рутубати фузлия аз рутубати аслия дигар буда, ин иборат аз он, ки дар қисмҳои тамоми он чиз омезиш наёфта ва дар андак замоне баъзе қисми он ба таҳлил мераваду ҷирми онро таркида месозад, ки баъзе бо воситаи бадбӯ шудан дар худ кирм пайдо карда, ҷирмашро мехӯрад ва рафта-рафта тамоми онро нобуд мегардонад.

Ё ки давои зулҳосията. Дар ин ҷо аввал маънои калиман хосиятро бифаҳмонем, ки хосият бо табдилёбии феълҳо якҷоя таъсирҳои дуввумини давоҳоро меноманд. Инак, кайфияти аввалии давоҳо аз гармӣ, сардӣ, тарӣ ва хушкӣ иборат буда, аз инҳо латофат (нозукӣ), суръати таъсир, кушодани гиреҳҳо, рақиқ гардонидан,

пешина
аз 702
навбатӣ