Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

Баъзе одамон асалро бинобар ширин буданаш сусткунанда пиндоштаанд — ин иштибоҳ аст. Дар ҳақиқат шириниҳои рутубатнок сусткунанда мебошанд, на шириниҳои хушкмизоҷ. Вале асал дар мизоҷ гарм ва хушк аст. Пас, сусткунанда намебошад.

Асалро батанҳоӣ ё бо оби пиёз ба чашм бикашанд, чашмро равшан мекунад; хориш, кӯтур, обравӣ, гули чашм ва фуромадани оби бегонаро дар гавҳараҳ дафъ менамояд.

Агар асалро бо анзарут ва намаксанг даромехта дар гӯш чаконанд, бодҳои пардаҳои он ва чаранги гӯшро барҳам медиҳад, омадани рим аз даруни он ва рутубатҳои равони онро қатъ мекунад; дардҳои аз хунукӣ баамаломадаи онро таскин медиҳад, гаронии гӯшро дафъ месозад.

Агар асалро ба заҳраи тари гов даромехта ё бо шири гов ё бо шири буз ва ё бо шири занон сиришта, батакрор дар гӯш чаконанд, ё бо сафедаи тухми мурғ даромехта бичаконанд, бемориҳои дар боло гуфтаро шифо мебахшад.

Асалро бо равғани гулисурҳ даромехта, лесида бихӯранд, сурфаеро, ки сабабаш моддаҳои хунук бошад, дафъ мекунад.

Асал дар оби барги зуф ҳал карда, нимгарм бо он батакрор ҳуқна кунанд, захми рӯдаҳо ва варамҳои онҳоро шифо мебахшад.

Баъди ҳар як бор ҳаммом кардан дар вақти гармии бадан асалро гузошта банданд, закарро қавӣ ва калон мегардонад.

Агар асалро занҳои синну соли ҳайзнокӣ аз таг бардоранд, иллатҳои бачадони онҳоро шифо мебахшад.

Асалро бо орди гандум хамир сохта гузошта банданд, варамҳоро таҳлил медиҳад, пучак ва чиртакҳоро мепазонад; бо сирко ва намақ даромехта гузошта банданд, варамҳоро таҳлил медиҳад, доғҳои кунҷидакро дафъ мекунад; бо намақ сиришта банданд, доғҳои зарба ва латхӯрдаро, ки кабуд шуда бошанд, нест мегардонад; бо орди ҷав хамир карда гузошта банданд, араки бисёро ба ислоҳ меоварад; бо анзарут сиришта банданд, захмҳоро аз чирк пок месозад ва гӯшти ҳароми онҳоро хӯрда нест менамояд; бо саргини мурғ ё бо чадвор сиришта гузошта банданд, доғи сафеди пӯст ва песро шифо мебахшад.

пешина
аз 702
навбатӣ