Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
гарми бадфиолро (злокачественные язвы)-ро ба ибро меоварад, аз оташ ва аз оби гарм сӯхтагиро нафъ дорад ва намегузорад, ки он мавзеъ обила кунад; бар башара гузошта банданд, осори офтоби гарм ва ҳарорати дигарро дафъ месозад; агар бо мозу якҷо кӯфта, бар пешонӣ ва сар гузошта банданд, хуни биниро, ки аз пардаҳои мағзи сар меомада бошад, манъ мекунад; бо мустако (мастика) даромехта бар пешонӣ гузошта банданд, намегузорад, ки назла ба чашм рехта шавад.
Сафедаи тухми мурғро ба ҳар ҷои бадан, ки бимоланд, масомҳои (сӯрохҳои пӯсти бадан)-ро баста мегардонад ва ба варамҳои гарм бимоланд, онҳоро таҳлил медиҳад. Бо кофур (камфора) ва тухми банг (кирмрезонак) даромехта бимоланд, чашми гармро сард месозад ва аз гармӣ сӯзиш кардани онро таскин медиҳад.
Сафедаи тухми мурғро бо оби юнучкаи зардак (говришка) даромехта, бо он ҳукна (клизма) кунанд, дарди рӯдаҳоро таскин медиҳад ва харошида шудани сатҳи даруни онҳоро ба ибро меоварад; инчунин исҳоли сафравиро манъ мекунад. Сафедаи тухми мурғро бо равғани гулисурх даромехта дар сӯрохи мақъад ё занҳо аз таг бардоранд, луккос зада дард кардани мақъад ва бачадонро нафъ дорад.
Пӯсти беруни тухми мурғро то монандӣ оҳак сафед шуданаш бисӯзонанд, баъд бо асал даромехта ба чашм бикашанд, гули чашмро дафъ мекунад. Инро фақат то сиёҳ шуданаш сӯхта, ос карда, бо воситаи найча дар бинӣ пуф кунанд, хуни бинии мӯҳликро қатъ мекунад.
Пӯсти тухми мурғро носӯхта, кӯфта, 7 грамм аз он бихӯранд, боҳро меангезад. Кӯфтаи инро бо асал ва сирко хамир карда бимоланд, варамҳоро таҳлил медиҳад. Ин кӯфтаашро ба ҷароҳатҳои кӯҳна ва нав бипошанд, хуни онҳоро аз рафтан манъ мекунад ва даҳани онҳоро ба ҳам мечаспонад.
Он пардаеро, ки аз дарун ба пӯсти тухм часпида мебошад, ҷудо карда, ба хуни баҷан кабутар олонда, ҷавонзанҳое, ки бақораташон (дӯшизагиашон) рафта бошад, аз таг бардоранд, аз нав духтар мегарданд — ин аз асрори махфии таб аст.
Миқдори як бор хӯрдан аз тухми мурғ дар як рӯз аз 5 то 15 адад мумкин аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё