Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
Ва мизоҷи сафдааш дар дараҷаи дуввум сард ва тар аст. Мизоҷи пӯсти берунаш дар дараҷаи дуввум сард ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: зардашро нимбиръён карда ё нимпухта бихӯранд, дар бадан моддаҳои сара пайдо мегарданд, ғизояташ зиёда аст ва аз он саргин кам ба амал меояд; дил, майна ва баданро қувват мебахшад; қуввати боҳро меафзояд; ба даруни сина фуромадани назлаҳои гармро манъ мекунад ва ҳоли бади узвҳои даруни синаро ислоҳ месозад, инчунин шахшӯлни он узвҳоро нест мегардонад; хун кай кардан, дағалии рӯдаҳо, ҳичак ва меъдаро ба ибро меоварад; захмҳои гурда ва ҳичакро сиҳат мегардонад ва касеро, ки аз хуни бисёр рафтан суст гашта бошад, қавӣ мегардонад. Ва хӯрдани ин ба одамони савдовимизоҷ форам ва мувофиқ аст.
Зардаи тухми мурғро дар зарфи чинӣ ё сафол барҳам зананд, яъне бикованд ва баъд дар зарфи мис ё дигар, ки дар он об бошад, бияндозанду ҷӯш диҳанд ва бикованд, то нимпухта гардад. Ин усул беҳтарин тарзи пухтани он аст. Зеро ки зудҳазм, дар ғизоият сара мебошад ва барои ҳалқ, сурфа ва хун кай кардан даво мешавад, боҳро қувват мебахшад.
Агар зардаи хомашро бихӯранд, азияти газидани морро дафъ мекунад, овозро соф мегардонад, инчунин сӯзиши ҳичакро ба ибро меоварад. Ба ин тариқ, бисёр хӯрдани зардаи тухми мурғ ба меъда зарар дорад, дар гурда санг, доғи сафеди пӯст ва доғи кунҷидакро пайдо мекунад.
Нимпухтаи онро ба тифлон ба ҷои шир бихӯронанд, раво мебошад.
Тухми мурғро то сахт шудан пухта бихӯранд, хусусан дар мизоҷи одамоне, ки рутубат бисёр пайдо мешавад, суст ҳазм мегардад ва иллати куллиҷ (колит)-ро пайдо мекунад. Дар ин маврид давоҳои гарммизоҷ бихӯранд, газандаш ислоҳ меёбад.
Тухми нимпухтаро бо кӯфтани тухми зағир бихӯранд, барои иллати зиқ-ун-нафас (бронхиальная астма) нафъ дорад; бо андак намак, мустако ва анзарут бихӯранд, баданро фарбеҳ мегардонад; бо татум, мозу ва тухми мавизи ангур, инчунин бо ангур бихӯранд, исҳоли сафровиро манъ мекунад.
Тухми мурғро дар сирко пухта бихӯранд, дарунро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё