Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
Шохи барзаговро бисӯзанд, ҷонварони газанда ва заҳрнок аз он ҷо мегурезанд. Агар аз шохи чапи он ангуштарин сохта, ба ангушти дасти чап бигузоранд, иллати саръ (припадка) ва сарӯи тифлонро нафъ дорад.
Мизоҷи заҳраи он қариб дар дараҷаи чорум гарм ва хушк аст. Хушки онро маҳин ос карда, чун сурма ба чашм кашанд, гули чашмро пок мегардонад. Заҳраи барзаговро бо асал сиришта, чанд бор лесида бихӯранд, дарди гулӯ, хориши бадан ва нори форсӣ ном реши бадфиолро шифо мебахшад. Заҳраи навашро бо камтар асал даромехта, дар гӯш чаконанд, дарди онро таскин медиҳад ва омадани римро аз он қатъ мекунад. Аммо заҳраи онро бе асал истеъмол кардан дуруст нест.
Заҳраи онро бимоланд, ҳамаи захмҳои баданро шифо мебахшад, ба мақсад бимоланд, захмҳои онро дафъ мекунад. Инчунин онро бо шири занон даромехта, дар гӯш бичаконанд, рими равонро аз он қатъ мегардонад, агар бо оби гандано бичаконанд, ҷаранги гӯшро дафъ месозад, инчунин ҳамаи садоҳои дар даруни гӯш шунидавандаро нест мекунад.
Заҳраи барзаговро бо асал даромехта, бо он ғарғара кунанд ё онро ба марҳамҳо дохил намуда гузошта банданд, реши мӯҳликеро, ки ҷамра (карбункул) ном дорад, шифо мебахшад ва намегузорад, ки вай бикафад. Чун худашро танҳо ба ҷои газидаи ҷонварони заҳрнок бимоланд, дардашро таскин медиҳад ва зарарашро дафъ мекунад. Баъзе одамон миқдори ним грамми онро ҳангоми заҳролуд шуданашон бо шилми мисвок ва асал меошоманд. Онро бо асал даромехта бимоланд, захмҳои хабисаро (радди бадфиолро) шифо мебахшад, дардашро ҳам таскин медиҳад; инчунин захм ва дарди фарҷ, закар ва пӯсти хояҳоро дафъ мекунад ва варами он узвҳоро таҳлил медиҳад.
Агар заҳраи барзаговро бо натрун (танакори сурх) ва кӯфтаи булӯри бӯр хамир карда, ба доғи пес, кӯтури тар, сабӯсаки сар, доғи кунҷидак ва доғҳои дигари пӯст гузошта банданд, ҳамаашро дафъ мекунад — сиҳат мебахшад.
Заҳраи барзаговро бо қивоми ҷадвор даромехта, пахта ва ё латтаи покизаро ба он олонда, занҳо аз таг бардоранд, ҳайзи бастаро равон мекунад ва бачадонро аз моддаҳои бегона пок мегардонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё