Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
Ғизои зулхосията он аст, ки бо модда ва сурат — ҳар ду таъсир мекунад, монанди равғани гӯсфанд, гов, шир, мағзи чормағз ва монанди инҳо, ки бо вуҷуди ғи-зо шудан ва фараҳ бахшидан боз заҳрнокшавиро дафъ менамоянд.
Давои зулхосията он аст, ки бо кайфият ва сурат — бо ҳар ду таъсир мекунад, монанди подзахри ҳайвонӣ, ҷадвор, самари дарахти гор (боҳиштон), ки бо вуҷуди таръеният доштан заҳр ва азняти онро аз бадан дафъ карданашон боз дар мизоҷи аслии бадан ҳарорате пай-до менамояд.
Ғизои давоии зулхосията он аст, ки бо модда, кай-фият ва сурат — бо ҳар се таъсир менамояд, монанди себ ва май, ки бо вуҷуди ғизо шудан ва андак кайфия-те бар бадан бахшидан, боз фароҳ ва сурур ҳам ме-оваранд.
Самми (заҳри) мутлақ он аст, ки он дар бадан зид-ди таъсири подзахрро эҳдос менамояд, ба зудӣ ва мӯҳ-лат надода, узвҳои баданро фаро мегирад ва амалиёт-ҳои табиатро муаттал (манъ) мекунад, ҳарорати ғари-зӣ (модарзодӣ), арвоҳ ва қувватҳоро фосид ва нобуд месозад, инчунин барои барқарор гаштани онҳо фурсат намедиҳад, монанди биш, хӯрдани заҳраи афъӣ ва мор-ҳои пуркувват, инчунин газидани онҳо, ки дарҳол ме-кушод.
Давои саммӣ (заҳрнок) он аст, ки бо кайфият ва сурати навъия — ҳар ду таъсир мекунад ва баъди таъ-сир заҳролуд сохта, ба кайфияти аслии бадан ғолиб меояд, монанди банги сиёҳ.
Ғизои саммӣ он аст, ки бо модда ва сурат — ҳар ду таъсир мекунад ва баъди таъсир кардан ва ғизо шудан бо хислати заҳри номбурда заҳролуд мегардонад. Ин навъ ғизо дар табиат камтар — кам ёфт мешавад.
Ғизои давоии саммӣ он аст, ки бо модда, кайфият ва сурат — ҳар се таъсир мекунад ва баъди таъсир кар-дан бо вуҷуди ғизо шудан ва кайфияти афзуни заҳро-луд мегардонад, монанди гӯштҳои афъӣ, дигар гӯшт-ҳои заҳрнок ва гиёҳҳои заҳрнок.
Давои мусхили зулҳосията он аст, ки бо кайфият ва сурат — ҳар ду таъсир мекунад ва баробари ин дар он қуввати зиёда ва шиддати таъсири исҳоловаранда вуҷуд дорад, ки барои шикастани ин қуввати номарғуб ба ташвия ва ғайраҳо мӯҳтоҷ мебошад. Баъди ислоҳ ёфтанаш дар бадан ворид гашта, дар фазоҳо ва сатҳхои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё