Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
Ҷигари бузи сиёҳро чун реза-реза намуда, он резаҳои ҷигарро якҷо карда, ба он мурч ва занҷабили кӯфтаро пошида, кабоб кунанд, оби аз он ҷудошударо гирифта, дар чашм кашанд, шабкӯриро дафъ мекунад.
Саргини нимсӯхтаи бузро бо намаксанг даромехта, ба дандонҳо бимоланд, зардии дандонро мебарад ва бадбӯии милки онро дафъ мекунад.
Чун хояи такаро чок карда, дар он зарованди гирд (карказон), натрун (танакори арманӣ ё ки ба русӣ едкий натрий) ва зира бар он пошида, хушк кунанд, баъд 4,5 грамми онро соида бо оби гарм бинӯшанд, кӯтоҳнафасӣ, дамкӯтаҳӣ, дардҳои ҷигар ва ҳичакро шифо мебахшад. Агар инро бардавом бихӯранд, меъдаро хеле қувват медиҳад. Чун он хояро бо танакор ва кӯкутии хушк кунанду 4,5 грамми онро ба сиркои пиёзи ансул бинӯшанд, иллатҳои сипурзро шифо мебахшад.
Чун такаи чорсолаи сурхи якрангро дар аввали фасли тобистон ҳангоми ранг гирифтани ангур кушта, хуни аввал ва охири онро партоянду хуни миёнаомадаи онро дар зарфе гирифта, то шах шудан бигузоранд, баъд онро реза-реза карда, бар рӯи кох ё рӯи ялак дар соя хушк кунанд, онро ядулло меноманд, зеро ки барои майда карда резонидани санги гурда ва ҳичак қавӣ ва ҳатто бемисл аст.
Аз равғани саг бо орди биринҷ ва арзан ҳарира (кисель) тайёр карда бихӯранд, барои исҳоле, ки аз харошида шудани сатҳи даруни рӯдаҳо, ки аз хӯрокҳои гармизоҷ ва таъми тездошта ба амал омада бошад, инчунин барои манъи амали исҳол дору мешавад.
Равғани онро бо орди ҷав атола сохта, нимгарм ҳукна (клизма) кунанд, захми рӯдаҳоро шифо мебахшад.
Саргинашро бо пешоби он даромехта бимоланд, истиско (водянка) ва варами сипурзро даво мебошад.
Саргинашро бо пешоби кӯдакон ҷӯшонида бимоланд, кулинчи (колити) балғамӣ, бодҳои ғализ ва зардобро дафъ мекунад.
Чарбнашро гузошта банданд, ҳар гуна дардҳоро
таскин медиҳад.
Саргинашро бимоланд, варамҳои кӯҳнаро таҳлил
медиҳад.
Ин саргинашро сӯхта, бо сирко сиришта бимоланд,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё