Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
карда, пай дар пай ба пеши сар гузоранд ва чун лат-та гарм гардад, латтаи дигарро ҳамин тавр ба кор ба-ранд, бемориҳои номбаршударо даво мебошад.
Агар инро дар чашм чаконанд, дарди чашмро, ки аз гармӣ бошад ва захми даруни чашмро шифо ме-бахшад, инчунин дағалии пилки чашмро ислоҳ меку-над; бо анзарути махин соидашуда даромехта чако-нанд, ноҳунак, шилпукӣ, гӯшти зоиди дар болои пилк овезон ва монандӣ инҳоро дафъ менамояд. Агар ин шири занонро дар гӯш чаконанд, барои дарди он, ки аз гармӣ ҳодис шуда бошад, захм ва варами гарми онро шифо мебахшад.
Миқдори як бор нӯшидан аз шири занон дар як рӯз аз 50 то 150 грамм аст ба шарте, ки гармогарм ва хунук нокарда биёшоманд ва агар аз пистон макида бихӯранд, беҳтар аст. Зеро ки бинобар нозукӣ ва ла-тофати хислаташ он зуд вайрон мегардад. Ба ҷои ши-ри занон шири хар биёшоманд, равост.
Агар зани ҳомила бар рӯи шапуш аз пистони худ шир бидӯшад, агар шапуш бимирад ё дар зери он би-монад, зан ба духтар ҳомила аст, вале агар шапуш на-мирад ва зинда барояд, ҳомила ба писар аст.
- Марворид
Ин гавҳари машҳур аст, ки аз шиками навъе аз са-даф бармеоваранд. Марворид дар ҳаҷм гуногун аст: майдаи он аз тухми кӯкнор резатар ва калони он то миқдори тухми гунҷишк ва банӯдрат ба андозаи тухми кабутар низ ёфт мешавад ва то алхол ба вазни то 14 граммаш мавҷуд ва маълум мебошад. Гуфтаанд: беҳтарини он сафеди обдори софи ялакқосии куЛӯлаи ғалтони баҳрайнӣ, хурмузӣ ва уммонии он аст. Баъд аз он сурохӣ (шишарангӣ), ки бо сифатҳои номбурда аст; ба шаклҳои дигари обдори сафеди ялакқосии он аз он пасттар аст; зард ва сиёҳи беоб ва бисёр резаи он бекора мебошад. Дар баҳри ҷазираи Сейлон ва ҷа-зираҳои дигари монанди Биразил аз арзи ҷадид (нав кашфшуда)-и арзи ҷанубӣ, ки насаро ба наздикӣ ба даст овардаанд ва ғайра он ҷо низ ба ҳам мерасад.
Дар Муршидобод ва Ҳавзаи Об ва дигар баҳрҳо низ марворид ба ҳам мерасад, лекин бисёр резаи зараранги несара аст. Аҳёнан донаҳои бузург ба андозаи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё