Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
Дандони озахи сиро агар биёвезанд, дар шаб вақти хоб хуррок кашидан ва гап заданро манъ мекунад, зардпарвинро шифо мебахшад, вале агар инро ба тифл биёвезанд, дандонаш бе ҳеҷ гуна дарду офат мебарояд.
Дандони озахи саги девсаро дар пӯсти ҳамон саг хушрӯ баста биёвезанд, агарчи саги девона бигазад, зарар намедосонад.
Канаи сагро ба худ бидоранд, сагон ба он кас намекананд ва фарёд намезананд ба ғайр аз худи он саги канадор.
Закарашро хушк карда, бар рони худ биёвезанд, шаҳватро ба ҳаракат меоварад.
Мӯи саги сиёҳи якрангро биёвезанд, саръро фоида дорад.
Чун дорчиниро кӯфта, ба хамир печида, ба саг бихӯронанд, саг ба тараб ва рақс меояд.
Чун заҳраи сагобиро ба қадри донаи наск ҳар кас, ки бихӯрад, ҳалок мешавад — илоҷи ин хӯрдани равғани гов бо дорчинӣ аст.
Чун саги девона касеро бигазад, ҳолаташ монандӣ саги девона мегардад, яъне тарсанда аз обу оташ ва дигар аломатҳои молихулиё (меланхолия) рӯй медиҳад. Илоҷи ин он аст, ки михчама (шоҳи хунгирӣ) ба он ҷо гузоранду бо қуввати тамом бикашанд, то хуни бисёр аз он ҷо берун шавад. Баъд аз он марҳамҳои сӯсҳанда ва хӯрандаи гӯшт ба он ҷо гузоранд, ки инҳо сири (чесноки) куфта бо сирко ва равғани зайтун даромехта гузоштан; бо лаблабу, пиёз, индов, пухта, бо равған ё сир ва намаки кӯфта, бо хокистари чӯби ток сиришта, ба он ҷо гузоранд. Ин тадбир дар марҳалаи аввали сирояти заҳри саги девона аст. Вале ҳангоми сироят кардани заҳри он ба тамоми бадан, бояд, ки доруҳои поккунанда ва исхоловар хӯрда, баданро пок гардонанд, яъне бо давоҳои исхоловар дар иллати молихулиё ва бо хӯрснидани давои саратон тадбир намоянд.
- Шир
Умуман ширро бо чизҳои турштаъм, шӯр, бо гӯшт, бо тухми мурғ ва моҳӣ, бо турб ва пиёз, бо меваҳои тар, сабзаҳо, донҳо ва монандӣ инҳо хӯрдан раво нест, инчунин аз болои шир ин чизҳоро истеъмол кардан

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё