Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
батамом дар об ба дараҷае бипазанд, ки бо об омехта гардад, баъд 400 грамм гандум дар он дохил карда, то ҳамаи обро ба худ макиданаш биҷӯшонанд, ки хушк шавад. Он гандумро ба мурғи яксола, ки дар торикӣ баста бошанд, бихӯронанд ва баъди ҳамаи он гандумро хӯрдани он, он мурғро кабоб карда, зани назоянда тановул намояд, вале ғизои дигар дар он омехта набусад, он зан ба ҳомила шудан қобила мегардад.
Чун сагбача пистони занеро, ки дар он шир шах шуда бошад, бимакад, он шир гудохта мегардад. Пешоби сагро занҳо биёшоманд, ҳомила шуданро манъ мекунад.
Шири сагеро, ки аввалин мартаба зоида бошад, дар сӯрохи закар чаконанд, сӯзокро дафъ мекунад.
Ҷигарашро кабоб намуда ё бирён карда бихӯранд, саги девона газидаро шифо мебахшад, хусусан, ки ҷигари ҳамон саги девонаи газидаро бихӯранд, таъсираш зиёдтар аст дар ин бобат.
Хокистари ҷигарашро бо сирко сирашта, батакрори амал гузошта банданд, саги девона газидаро сиҳат мекунад. Инчунин хуни онро биёшоманд, барои касони саги девона газида даво мебошад.
Шири сагеро, ки якумин маротиба зоида бошад, бинӯшанд, заҳрҳои қаттолро аз бадан дафъ мекунад.
Гӯшти сагро дар об пухта, бо давоҳои хушбӯй бихӯранд, иллати маҳавро дафъ мекунад.
Саргинашро бимоланд, варамҳои сахтро таҳлил медиҳад. Саргини хушкашро соида бипошанд, захмҳои кӯҳнаро шифо мебахшад, ҳатто хокистари онро гузошта банданд ҳам, захмҳои кӯҳна, кафидани узвҳо, бавосир ва хоришро ба ибро меоварад.
Пешобашро бимоланд, озахҳоро хушк карда меафтонад.
Равғанашро бимоланд, ханозерро таҳлил медиҳад.
Чун бачаи ҳанӯз чашм накушодаи онро бо саргини гов бисӯзанду ба носур бипошанд, хушк мегардонад. (Носур — ин захми бекнашаванда аст.)
Чун пешоби саги модарро дар зарфе рехта бигузоранд, то чун ҷуғрот ғафс гардад, баъд онро ба мӯй бимоланд, сиёҳ мегардонад — ранги хубест.
Чун устухон ва асаби сагро ба устухони шикаста ва асаби кандашудаи инсон бимоланд ё гузошта банданд, онҳоро пайваст мегардонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё