Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
тухмии зироатҳо, ки кайфияти ҳосилшуда аз онҳо хилти бефоида буда ва ба кайфияти аслии бадан ва аъзо ғолиб намебошанд, балки бадан онҳоро ба осонӣ азхуд менамояд.
Давои мутлақ он аст, ки дар вақти ворид шудан фақат бо кайфияти худ таъсир мерасонад ва моддаи он ғизо ва қобилияти ҷузъи бадан шудан надорад. Ҳангоми ба дарун истеъмол карда шуданаш, ҳарорати табиии (модарзодии) бадан ба он таъсир кунад, аз он хислаташ дигаргун намегардад, балки сониян он дар бадан амал намуда, бо кайфияти худ гармӣ, сардӣ, тарӣ ва хушкиаш баданро дигаргун месозад ба танҳоӣ ё дар ҳолати мураккаб будани худ. Як қисм аз давоҳои мутлақ инҳоанд: мурч, занҷабил, нилуфар, кофур, арпабодиён ва монандӣ инҳо.
Ғизои давоӣ он аст, ки дар бадан бо модда ва кайфияти худ — бо ҳар ду таъсир мекунад ва бо ҳамон ғалабаи модда, ки баъди таъсир бахшидан аз он ягон хилт ҳосил менамояд ва он хилт ҷузъи бадан шуда тавонад. Дар он андак кайфият ва мизоҷе мебошад, ки он ҳар ду ба кайфият ва мизоҷи аслии бадан ғолиб меояд ва бо кайфияти худ дар бадан қисми обиятро тағйир медиҳад, монандӣ коҳу, оби ҷав, ангур, бодиринг, қаду, тарбуз, ҷилмангӯштак (семизут), исфаноҳ, бобуна, шибит, шалғам, сабзӣ, лаблабу, карам, мош, наск, нахӯд, лӯбиё ва ғайраҳо.
Давои ғизои он аст, ки баъд аз истеъмол кардан дар бадан бо кайфият ва модда — ҳар ду таъсир мекунад, вале бо кайфият зиёдтар асар менамояд; қисми обияти баданро дигаргун месозад, баъд аз он бадан ба он ғолиб омада, онро азхуд мекунад ва аз он хилти бисёр кам ҳосил мегардад, ки он хилти ба амаломада қобилияти ғизо шудан ва ҷавҳари бадан гаштан дорад, инчунин мувофиқи хислати худ кайфияти баданро ғолиб менамояд, монандӣ гандано, наъноъ, барги коснӣ, сагангур, сир, пиёз, тут, олу ва аксари меваҳо, тухмиҳо, монандӣ тухми бодиринг, тухми харбуза, тухми тарбуз ва ғайра.
Маълум бод, ки давоҳо ва ғизоҳо феълҳои умумӣ доранд, монанди: тасҳин (гарм кардан), тафриқи ҳорр (гармиро ҷудо кардан), табрид (хунук кардан), таксифи борид (ғафскунандаи хунукӣ), талийин ва саялони ратб (мулоим ва равон кардани чизи тар), тайбис (хушк кардан). Ҳар яке аз ин давоҳо сифатҳои хосе

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё