Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
- Гунҷишк
Ин парандаест машҳур ба зебоӣ ва хушранг бо андак калонтар аз аҳлӣ ва нӯлаш борику дарозтар аст.
Беҳтарини навъҳои он фарбеҳи даштиаш мебошад, ки дар фасли зимистон гирифта шуда бошад. Вале хонагиаш агарчи фарбеҳ ҳам, ки бошад, барои давоӣ бисёр заиф аст, ҳатто намешояд.
Мизоҷи гунҷишки аҳлӣ дар дараҷаи дуввум гарм ва хушк аст, вале мизоҷи даштиаш дар хушкӣ зиёдтар мебошад.
Хислатҳои шифобахши он: гунҷишкро пухта бихӯранд, баданро гарм ва фарбеҳ мекунад, барои одамони тармизоҷе, ки дар бадани онҳо бодҳо пайдо мешуда бошанд, мувофиқ аст ва боҳи онҳоро ба ҳаракат меоварад, маниро зиёда менамояд ва олати мардиро ба ҳаракат меоварад.
Гӯшташро бихӯранд, дарунро мулоим мегардонад, вале қисмҳои дигараш дарунро мебандад.
Қавлҳо зикр шудаанд, ки гунҷишк аз парандаи сара аст барои иллатҳои гуногун: фолиҷ, қач шудани рӯй, сусту нотавон гаштани аъзо, караҳтӣ, сустии ҷигар, истиско (водянка), зардпарвин, сустии гурда ва боҳ, инчунин монанди инҳо дору мешавад; беҳтарин давоест барои одамони хунукмизоҷ ва тармизоҷ, инчунин барои касе, ки аз бисёрии боди шиками худ шикоят намояд, дору мебошад.
Мағзи сари нари онро дар вақти ҳаяҷонӣ буданаш гирифта, дар равғани бодоми ширин бирё карда, бо хӯришҳо хушбӯй таоми пуркувват бихӯранд, бағоят боҳро меангезад ва маниро зиёда мекунад, инчунин олати мардиро ба ҷунбиш меоварад. Ба ҷон он барои ҳаракат додани боҳ ва шиддати ба ҷунбиш овардани закар қавитар аст, хусусан аз чизҳои дарунаш пури-ҳояш пок карда, бо зардии тухми мурғ ва равғани зайтун бирё кунанду бихӯранд, низ тухми гунҷишк дар ин бобат қавӣ мебошад.
Ин дар фарбеҳ кардани бадан давои бемисл аст.
Майнаашро бо зардии тухми мурғ бихӯранд, боҳро бармеангезад ва агар бо шароб бихӯранд, низ ҳамин хосиятро дорад.
Майнаашро занони назоянда аз таг бардоранд, боиси зуд ҳомила шудани онҳо мегардад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё