Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

сардӣ, тарӣ, хушкӣ) — ин хусусияти онҳост, ба таври дигар гӯем, сифат аст. Сифати гармӣ ва сардӣ — инҳо кайфияти фоила, яъне таъсиркунанда мебошанд, вале тарӣ ва хушкӣ — ин ҳар ду ҳодисавандагии модда, яъне кайфияти ҷавҳар аст, ки мунфаила, яъне таъсирро қабулкунанда мебошанд. Ғизо аз модда ҳосил мешавад ва даво дар аксар ҳолатҳо бо воситаи кайфият таъсир мекунад; ин таъсир гоҳ бо сурат ва гоҳ бо кайфият — ҳар ду асар мекунад. Хосияти даво, албатта, аз сурат (симо) ба вуҷуд меояд, ки инро сурати навъия меноманд — ин чигунагии он аст. Ғалаба ва таъсири даво ё ғизо фақат бо яктои аз он ва ё бо дутои онҳо ё ин ки бо ҳар се хосиятҳои бо ҳам мусовӣ дар якборагӣ ё дар ғайримусовӣ фароҳам гашта, таъсир мерасонанд. Масалан, дар давои мутлақ кайфият қавӣ, ғолиб ва зоид мебошад. Вале ду амри дигар, яъне сурат ва модда дар ин мағлуб ва заиф, ба ибораи дигар гӯем, аз ҷиҳати миқдор каманд. Вале дар давои зулҳосията сурат қавӣ, ғолиб ва зоид аст. Ана ҳамин тавр нисбат дар ғизои давой ва ғизои зулҳосията ва ғайраҳо, яъне дар ғизои давой кайфият қавӣ, ғолиб ва зоид аст, аммо дар ғизои зулҳосията сурат ва модда дар ин мағлуб ва заифанд ва ғайра. Бинобар мавҷуд будани ҳамин маъни, яъне ҳамин таносуб ҳамчунин чизи содиршуда намудҳои онҳоро ғизои давой, давои ғизоӣ, давои подзаҳрӣ, давои саммӣ (заҳрнок) ва монанди инҳо меноманд.

Зулҳосията (хосиятдор) ё мувофиқ, муқаввӣ (қувватбахш), мунаккӣ (поккунанда) ва ҳифзкунанда (нигоҳдоранда)-и мизоҷи аслӣ, ҳарорати табиии бадан ва қувватҳои он бошад, тарёқ меноманд. Агар зулҳосията акси ин хислатҳо дошта бошад, яъне мизоҷи аслӣ, ҳарорати табиии бадан ва қувватҳои онро мурдор, вайрон ва маҳвкунанда бошад, онро самм (заҳр) меноманд. Пас, ҳар чиро, ки инсон ба дарун истеъмол намояд, вай агар фақат бо модда таъсир кунад, онро ғизои мутлақ мегӯянд ва агар фақат бо кайфияти худ таъсир бахшад, онро давои мутлақ меноманд, вале агар бо кайфият ва модда — ҳар ду таъсир расонад, онро давои ғизоӣ, агар танҳо бо сурати худ таъсир намояд, онро зулҳосият меноманд. Ин ё мувофиқ, писанд ва дафъкунандаи нохушиҳо аст, ё мухолиф, нописанд ва ба амаловарандаи зарарҳо ва вайронкунандаи низоми мӯътадили бадан аст. Ҳар яке аз инҳо чанд қисмат

пешина
аз 702
навбатӣ