Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа
кардааст... Марворидро ҳангоми лолачинӣ дида буд. Ҳамроҳи дугонааш дар пуштаи Харгӯшон. Хандакунон бо Зурафо гул мечид. Дар дасти духтарон бандчаҳои лолаи шукуфон. Дугонаҳо дар рӯ ба рӯи ҷавон ногаҳон пайдо шуданд. Рухсораҳои Марворид ҳамранги гули лола буд. Нигоҳҳои ҳарду ба ҳам бархӯрданд. Ҷавон дарҳол фаҳмид: ин чашмони обии зебо, чеҳраи софу дилрабо ва хандаҳои бебаҳо ӯро мафтун кардаанд.
Дар яксолагӣ Фозил аз модар маҳрум гашта ва Рӯзӣ тани танҳо кӯдакро ба воя расонда буд. Аз зодгоҳ ба ҳеҷ куҷо набаровард. Ҳатто ба мактаб несупурд. Охир, куҷо ҳам мебурд. Дар Ғарм Фузайли Махсум ҳукмронӣ дошту дар Дарвоз Диловаршоҳ ҷавлон мезад ва дар деҳа муллое ҳам намонда. Аз ғазаби ҳукумати пойлучон ҳама гурехта ба хоки Афғонистон панаҳ бурда буданд... Хайрият, писараш бе ҳеҷ шикасту рехт калон шуд. Ана, акнун ҷавони чаҳор кас медидагӣ шудааст. Иншоаллоҳ, арӯси нозанине интихоб карда, соли оянда армон мешиканад.
Овози Зайниддин ӯро аз баҳри хаёлот берун кашид:
— Дӯстам, чор нафар ба сӯи мо меоянд.
Рӯзӣ қомат бардошт ва дар байни онҳо котиби ҷамоат чулоқи Баротро шинохт. Дилаш аз пешомади нохуше гувоҳӣ дод. Лолу карахт шуд, қадаме пеш гузошта натавонист.
— Салом, акаи Рӯзӣ, — нигоҳашро чулоқи Барот аз ӯ гурезонд, — Дар деҳа дигар ҷавонмард намондааст. Ана, ин корманди комиссариати ҳарбӣ барои писари ту омадааст.
— Фашистон ба шаҳри Сталинград наздик шудаанд. Имрӯз ё пагоҳ онро шояд ишғол намоянд. Ин шикасти давлати шӯроҳост. Бояд то охирин нафас Ватанро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё