Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа
— Бо сад азобу машаққат розӣ кунондам. Аммо як шарт гузоштанд. Дар бораи сиёсат набояд ҳарфе занем, — Абдулҳамид ба курсӣ нишаст.
— Албатта, — тасдиқ намуд Сафар. — Мо кишоварзонро ба сиёсат чӣ кор?
Марди қоматбаланди миёнаумр, мӯйи сараш мошубиринҷу гӯшаҳои чашмонаш пурожанг ба ҳуҷра даромад. Нигоҳаш хаставу ғамзада буд. Ба ҳар дуи онҳо даст дароз карда, бо овози гирифта гуфт:
— Салом.
— Салом, — аввал Абдулҳамид ва баъдан Сафар дасташро фишурданд. Озмоишкорона буд нигоҳҳои Сафар.
— Барои нороҳат карданам узр мепурсам, — меҳмон ба рӯи ҳамсуҳбатон нигарист ва интизор буд, ки ба нишастан таклиф менамоянд. Мехост тезтар девори нобоварӣ аз миёни онҳо фурӯ резад. — Барои шунидани забони модарӣ шашсад километр роҳро тай карда, аз шаҳри Мюнхен омадам.
— Аз Мюнхен? — Сафар ва Абдулҳамид баробар овоз сар доданд.
— Ҳа, аз маркази вилояти Бавария, — тасдиқ кард меҳмон. — Ман дар он шаҳр дӯкони рӯзномафурӯшӣ дорам. Дар рӯзномаи «Арбайте цайтунг» хондам, ки як гурӯҳ сайёҳон аз Иттифоқи Советӣ ба кишвари мо меоянд у дар байнашон тоҷикон низ ҳастанд. Ва, ана, ман дар рӯ ба рӯятон.
— Шинед ва худатонро шинос кунед, — таклиф намуд Сафар.
Меҳмон узромез ва гӯё гунаҳкорона ба курсӣ нишаст ва лаҳзае сарҳаму хомӯш монд. Дида мешуд, ки таҳти таъсири ҳаяҷони ботинӣ қарор дорад, нафаскашиаш бошиддат

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё