Зеҳн
Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

пайи кори ту мешавам, — Турдӣ — оқсақол даст ба дуо бардошт: — Илоҳо, тӯю тамошо шавад!

– Омин! – гуфта Маннон бо хотири ҷамъ даст ба рӯйи пурочингаш бурду аз ҷой хест.

Бачаи ношинос аспи дартозро дар назди дахмардаҳо нигоҳ дошт. Чонвар якбора ҳар ду пой пешашро бардошта, баланд шиҳа кашид. Аз тарс Довуд ба чапу Партов ба рост ҷаҳиданд. Сагҳо аккосзанон аз ҷойҳои худ хеста, саворро печониданд.

– Кадомат Довуд? – савор аспи ба шӯромадаро ором карда наметавонист.

– Ман, – пеш баромад чӯпон.

– Ин савғотӣ ба шумо, – гӯён бача бастаи чандпечро пеши пӯйи Довуд партофту сари аспро гардонд.

– Ҳой, исто! – дод зад Довуду чанд қадам аз паси савор давид. – Ин чист, аз номи кист?

Савор аллакай дар пушти тал ғайб зад. Аз вай садои суми аспу чанги болои роҳ монд.

Чӯпон бо тааҷҷуб хам шуда, аз замин дастовезро бардошту бо ҳайрат ба Партов нигарист.

– Чӣ, вай тӯмор аст, ки ин қадар бо тарс ба даст мегирӣ? – писханд зад Партов. – Тезтар кушо, бинем, ки дар он чӣ пинҳон аст.

Довуд бастаро кушод. Дар он қоғази лулапече мехобид.

– Маълум, – чеҳраи Партов тира гашт. – Медонам мактуб аз кисту ва дар он чӣ навишта шудааст.

– Шаккокӣ накун! – ба худ омад Довуд. – Ту ҳоло аз куҷо медонӣ, ки ин чисту онро кӣ навиштааст?

пешина
аз 164
навбатӣ