Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа
холанд? Хеле вақт шуд, ки бедарак шудед? Хонаву дар, молу ҳол дар ҷояш?
Ба ҳамаи саволҳои бесару нӯги оқсоқол Маннон бо як ҷумла ҷавоб гардонд:
– Худоро шукр, худоро шукр.
– Ба фикрам, зарурате сарҷӯпони бойбоборо назди ман овардааст, – Турдӣ зуд ба сари мақсад омад, зеро ки ба зиёфате шитоб дошт. – Ин қадар сол назаратон моро намегирифт. Аз қафои рама шуда, дигар корҳоро фаромӯш кардед – а? «Барои қарз омада бошад?» – аз дил мегузаронд оқсоқолу боз худаш ҷавоб мегардонд: «Не, агар қарз мепурсид, гӯсфанд намеовард. Барои иҷораи замин омада бошад? Не, ин ҳам намешавад. Як писар дорад, ки ҳамроҳаш чӯпонӣ дорад. – а, ёфтам! Барои Партов бояд хостгорӣ равам. Ин тавр ки бошад, бояд нархро бардорам»!
– Медонед, оқсоқол? – Маннон намедонист, ки гапро аз чӣ сар кунад. – Синни писарам ба ҷое расидааст. Мехоҳам, ки сарашро ҷуфт кунам.
– Чӣ нияти нек! – Турдӣ гӯё аз ин мақсади ҳамдеҳааш хурсанд бошад, дандонҳои качу килебашро нишон доду баланд хандид. – Ман бояд пешкор шуда, ба хостгорӣ равам.
– Қурбони аҳли фаҳм шавам.
– Ҳама гап дар сари он, ки бо кӣ хешу табор шудани?
– Бо Тошпӯлодбой, – гӯё суханашро касе мешунида бошад, ки базӯр овоз баровард Маннон.
– Чӣ гуфтӣ? Ё гӯшҳои ман вазнин шуда бошанд? – Турдӣ бо дастони кӯтоҳи фарбеҳ гӯшҳои чапармомандашро молид. – Як бори дигар такрор бикун.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё