Зеҳн
Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

— Пирам, — сар хам кард Довуд, — намехоҳам, ки аз корам маҳрум шавам.

— Тошпӯлод дар вақташ паҳлавони номӣ буд, — мӯйсафед рӯзҳои гузаштаро ба ёд овард. — Гумон мекунам, ки ӯ ба чунин кори носавоб даст намезанад.

Довуд ба маркази майдон баргашт. Сардори маърака аз оғози набард хабар дод. Нусрат чун паланг ҷаҳида, даст ба китфу бозуи ҳариф андохту якбора ба ҳақорату дашном гузашт.

— Саги дайду! Ту чӣ ҳақ доштӣ, ки дӯсти хонадони моро дар байни мардум шармандаю шармсор намой?

— О, ман барои нангу номуси мардуми Бойсун ба майдон баромадам.

— Э, ту сагираи сарлучу пойбараҳна куҷою нангу ори мардӣ куҷо? — фашшос зад Нусрат. — Макони зистат дашту саҳрою кору борат аз қафои рама давидан.

— Чаро маро таҳқир мекунед? — Довуд пеши ҳақорату дашноми Нусратро гирифтан хост.

— Ман писари хӯҷаинат, агар хоҳам, пагоҳ аз кор пешат мекунам! — Нусрат ин гапро гуфта, бо ғазаб байни ҳар ду пойи Довуд лагад фаровард, ки аз дарди ҷонкоҳ чашмонаш сиёҳӣ заданд. Аз ин лаҳзаи бароиш соз истифода бурда, Нусрат ҳалӯқ андохт. Довуд парӯ афтиду майдонро садои фарёду ғиреви тамошобин паҳш кард. Нусрат ғолибона як бор давраро чарх зад. Ин имконият дод, ки Довуд ба худ ояд. Ӯ оҳиста ба по хест. Нусрат аз нав ба ҳуҷум гузашту дубора борони таҳқирро ба сари чӯпонаш рехт.

— Саг девона шавад аввал пойи соҳибашро мегазад. Мо туи гадоро ҷойи кор додем, то ки аз гушнагӣ намурӣ. Ту бошӣ, бар ивази некӣ бадиро раво дидӣ. Чӣ, магар Ҷумъақул

пешина
аз 164
навбатӣ