Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа
— Падарам ба шумо сюрпризе доранд, - духтар тоб хӯрду зангӯлаҳои кокулони дарозаш маҳин садо бароварданд.
— Офтоб, ҳо Офтоб, - овоз дод модар. - Ту дар куҷоӣ, чӣ кор мекунӣ?
— Ман дар пеши молхона.
— Зуд биё!
— Хуб шудааст, модарҷон, - духтар ба Довуд табассуми кушодае ҳадя карду сӯйи овоз давид.
Даҳмарда донист, ки духтар Офтоб ном доштааст. Офтоб дар дилу ҷигараш гулхане афрӯхта, тамоми шаб хобравияш намонд. Чашм пӯшидан замон симои духтар пеши назараш меомад. Аз паҳлу ба паҳлу гашта, сабаби ба чунин ҳол гирифтор шуданашро сарфаҳм намерафт. Субҳ надамида аспро сӯйи чарогоҳ тозонд. Партов ваҷоҳати ҳамкасбашро дида, дар ҳайрат монд:
— Ягон воқеаку рӯй надодааст?
— Не, Худоро шукр, тинҷӣ, - Довуд хост, ки худро ором нишон диҳад.
— Чаро авзоят парешон? Аз қошу қавоқат барфу борон меборад.
— Худам ҳам намедонам, - аз ҷавоб гардан тофт Довуд. - Раҳи дароз шалпар кард.
— Ҳозир ман ба ту як коса қимиз медиҳам, дар як дам хастагият меравад, - Партов ба хайма даромада, бо косаи қимиз баргашт.
— Ташаккур! - косаро ба Партов баргардонд. - Ку гап зан, корҳо чӣ тавр?
— Чун ҳарвақта, оромӣ. Тӯй чӣ хел гузашт?
— Нарафтам, - Довуд рӯй гардонд. - Субҳи барвақт ба роҳ баромадам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё