Зеҳн
Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

— Чунин тарзи муносибат барои намоиш ва худнамоист, — дар бехи гӯшаш сайёҳе пичирос заду таъкиди Сафар ба хотираш расид.

Абдулҳамиду Сафарро дар ошёнаи чоруми меҳмонхона, дар як ҳуҷра, ҷой доданд. Акнун ҷо ба ҷо шуда, дар рӯи ҷойхоб дароз кашиданӣ буданд, ки касе дарро кӯфт.

— Марҳамат, — андаке норозиёна овоз баланд кард Сафар.

Ходими меҳмонхона даромадан замон барои нороҳат карданаш маъзарат пурсида, бо забони тоҷикӣ савол дод:

— Шумо аз кишвари Тоҷикистонед?

— Бале, — дурушт ҷавоб гардонд Сафар. — Чӣ буд?

— Ман дар Тоҷикистон, дар шаҳраки Вахши ноҳияи Вахш таваллуд шудаам. Падару модари маро пас аз ҳуҷуми фашистон ба Иттиҳоди Шӯравӣ аз вилояти Энгелси соҳили дарёи Волга ба водии Вахш кӯчонида буданд. Дар ин шаҳрак дӯстони зиёд дорам. Пас аз ба сари қудрат омадани Гелмут Кол ва муваффақ гардиданаш дар ҷанги сард мо ба сарзамини аҷдодӣ баргаштем. Донишгоҳи Гумболтро хатм кардам ва айни замон ба сифати тарҷумон дар ин даргоҳ хизмат мекунам.

— Шарҳи хуб, — Сафар, ки чандин бор сафарҳои хориҷӣ дошту аз афсарони амниятӣ омӯхта буд, ки бояд ба ҳама чизу ҳама кас бо шубҳа бингаранд, наздики дар рафта суоломез ба ҳамсӯҳбаташ нигарист. – Хӯш?

— Дар берун шуморо як ҳамшаҳриатон мунтазир. Мехоҳад, ки бо шумо сӯҳбат кунад.

Сафар ба Абдулҳамид нигарист. Ӯ бо аломати намедонам сар ҷунбонд.

— Ба ҳамшаҳриям фаҳмонед, — Сафар қавоқ андохта гуфт, — мо ӯро намешиносем ва майли сӯҳбат надорем.

пешина
аз 164
навбатӣ