Зеҳн
Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

Бозори шаҳри Бойсун меҷӯшид. Шӯру магали харидорому доду фарёди савдогару далолон ба фалак мепечид.

Тошпӯлод ду сар гӯсфанди бурдокиашро фурӯхта, роҳи чарогоҳро пеш гирифт. Дар ташвиш буд. Нағз медонист, ки сарчӯпонаш Маннон баъди ба таври фоҷиавӣ фавтидани Давлат аз уҳдаи нигоҳубини рама намебарояд. Ба болои ин ёрдамчии даҳмарда Юлдош куҷое гум шуд. Соҳиби рама намедонист, ки ӯро сарчӯпон ба хотири писараш аз кор ронда буд. Бо ин андешаҳо аз паҳлуи бозор гузашта, анбӯҳи бачаҳои пойлучро дид, ки давра гирифта, писаракеро лагадкорӣ доранд.

— Гум шавед! — Тошпӯлод ба сари онҳо асп давонд.

Бачаҳо чун селаи ғунҷишкон пош хӯрданд. Бачаи шаллокхӯрда аз дарду алам болои замин хобида, талх мегирист.

— Чӣ ном дорӣ? — савора ӯро аз замин бардошта, болои зин шинонд.

— Довуд, — ашки чашмону хуни биниашро бо остини куртаи чиркинаш пок карда, бача даҳон кушод.

— Барои чӣ туро мезаданд? — Тошпӯлод ба рӯйи шаллокхӯрдаи вай зеҳн монда пурсид.

— Дар бозор гадоӣ кардан намемонанд.

— Чаро металабӣ?

— Бекасам, — китфони хароби Довуд аз нав ларзиданд. — Ятимам. Ҳафтсола будам, ки падару модарам аз бемории вабо мурданд.

— Сагираам гӯй, — дили савор ба ҳоли писарак сӯхт.

— Ҳа!

пешина
аз 164
навбатӣ