Зеҳн
Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

— Э, мардаки соддае! Локу пари хонам, ҳамаи ҷулу пустакамро ба тамоми дунё намедиҳам, чунки онҳо хотираҳои азизу бахти ширини мананд. Лаку луки зиёдати ба кӣ даркор?!

Пиру кампир дигарбора лаб фурӯ бастанд. Ҳар яке дар олами андешаҳои хеш намедонам то куҷоҳо рафт. Дар ин хомӯшӣ танҳо садои сахт – сахт нафас кашидани мӯйсафед шунида мешуд. Холаи Офтоб бо ангуштони борикаш шилшилаи дастурхонро гоҳ ба чапу гоҳ ба рост тоб медод.

— Аз худ ҳатто мундае намондем, – дар торикии шаб овози мард маҳзун садо дод.

— Тамоми ошиқони машҳури дунё бе фарзанд гузаштаанд, — зан рӯй ҷониби шавҳар тофт. – Ё фарзанд қиссаи муҳаббати моро рӯйи китоб меоварад?

— Рӯзе, ки аз дунё меравем, кӣ болои сарамон нола мекунад?

— Гиряи баъди марг ба кӣ даркор? – холаи Офтоб аз ҷой хест. — Хайр, Худованд ба мо фарзанд ато накард. Чӣ илоҷ? Худро бикушем?

Нигоҳи бобои Довуд ба нуқтае дармонд ва дар рӯшании хираи моҳ ҷисмаш чун пайкараи бузурге менамуд.

— Баъди маргам чӣ хел мезиста бошед?

— Магар савгандамонро фаромӯш кардед? Аҳд баста будем — ку: зиндаю мурдаамон ҳамроҳ!

— Ҳамин хелӣ, — сар ҷунбонд пирамард, — лекин мардум аз куҷо донад, ки мо чӣ рӯзҳоеро паси сар кардем?

— Азоби дунё дидем, – оҳ кашид холаи Офтоб ва баъд аз лаҳзае табассум кард. – Рӯзҳои равшанамон бештар буд.

— Ҳа, барои бахтамон чӣ талошҳо кардем, – бобои Довуд бо самимият Офтобашро ба канор кашид...

пешина
аз 164
навбатӣ