Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа
— Мардуми ин минтақаро солҳои панҷоҳум ба ноҳияи Панҷ муҳоҷир карданд. Ҳоло онҳо дар хоҷагии «Сарҳадчӣ» зиндагӣ доранд, — ва харашро их гуфта ба роҳ даромад.
— Барои маълумот ташаккур, мӯйсафед, — Фозил калимаи «маълумот» — ро махсус қайд намуд...
Дар деҳаи 1 — уми Май қадам мезад. Марду зан ва пиру ҷавон аз паҳлуяш гузашта, ҳайрон ба ин марди қоматбаланд менигаристанд. Касе намепурсид, ки аз куҷо омада, дар ин мулк кӣ ва чиро мекобад.
Зимни сафар ба водии Вахш Фридрих огоҳ шуд, ки номҳои русӣ ва туркӣ ва исми саромадони ғалёни большевикӣ тамоми деҳаву маҳаллаҳои ин минтақаро паҳш карда. Ба худ савол медод, ки ин иқдом аз чӣ боис бошад? Аз рӯи эҳтиром, аз ифтихор ва ё аз тарс.
Махсуми Зийниддин аз ҳама охир ба масҷид даромад. Ба эҳтиромаш ҳама аз ҷой бархостанд. Ба ғайр аз як кас. Махсум зуд ҳис кард, ки ин бегоҳ намозгузорон хомӯшу паст – паст сӯҳбат доранд. Марди ношиносро дида, зуд сабабашро фаҳмид.
Ӯ ба мусофир наздик шуд. Меҳмон қомат рост кард. Чеҳрааш ба назари мӯйсафед шинос намуд. Чанд лаҳза ба рӯи зебои мард бодиққат нигарист ва оқибат ба ёд овард.
— Мегум, Фэзил нестӣ?
— Ҳо, падар, — Фозил низ дӯсти падарашро шинохт.
— Писари Рӯзӣ? — пирамард боз ба рӯи Фозил зеҳн монд.
— Дуруст, падар, — тасдиқ кард Фозил ва ба гӯшаи чашм дид, ки як одами амният дар либоси деҳқонӣ ба масҷид даромада, ноён бари мӯйсафеде нишаст. — Писари Рӯзиам ва ба суроғае омадам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё