Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа
дарзабандӣ тайёр шудаанд. “Шудгори тирамоҳӣ ба замин қуввати тоза мебахшад, аҷирику дигар алафҳои бегонаро нест карда заминро ба истироҳати зимистонӣ омода мекунад. Аммо ку он мадори пешина? Набераҳо ҳанӯз хурдсоланд. Самандар аз ман даҳ сол ҷавонтар”.
Мӯйсафед дар бораи тақдири писараш ину онро фикркунон худаш нафаҳмида монд, ки аз куҷо ба хотираш қиссаи Фозил расид. Сарнавишти ғамангези Фозил... Шояд барои худро тасалло додан, ки писараш ба ҳар ҳол, дар ғурбати ихтиёрӣ аст, ҳар лаҳза метавонад бо сари баланд баргардад.
Ӯро ҳамон сол ҳамчун бригадири муваффақ аз тарафи давлат ба Ҷумҳурии Федеролии Олмон фиристода буданд. Ҳамаашро хуб дар хотир дорад Абдулҳамид. Соли 1980 буд.
Ҳавопаймо дар фурудгоҳи шаҳри Дюсселдорф сабук ба замин нишасту мусофирони шӯравиро роҳбалад бо чеҳраи кушода пешвоз гирифт.
— Шуморо ба сарзамини файласуфони машҳур, ихтироъкорони бузург, шоирони ширинкалом, мунаққидони беҳамто ва хунёгарони бомаҳорат хайрамақдам мегӯем. Ҳоло ба автобус нишаста, ба шаҳри таърихии Келн меравед. Марҳамат, меҳмонони азиз!
“Ҷаҳони капитализм ҷаҳони зулму истисмор аст” — суханони устоди куҳансолаш дар донишгоҳи аграрӣ ба ёди Абдулҳамид расиду ба ҳамроҳаш нигарист.
— Олмони федеролӣ аз кишварҳои низоми сармоядористу фикр мекардам дар ин ҷо халқи бечора азоби сахти қашшоқиро аз сар мегузаронад ва эҳтимол дар ин ҷо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё