Зеҳн
Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

муҳаббат пеш аз ҳам боварист. Рафтем ман ба ту як чизро нишон медиҳам.

Фолбин аз дастам гирифта, ба хона даровард. Дар байни ҳуҷра гаҳвораи пурнакшу нигор меистод. Ба дастаи он зангулае, ки аз бозори шаҳраки Ёвон харида будам, овезон буд. Духтар зангуларо ҷунбонд ва он овози маҳин баровард.

— Барои фарзанди ояндаамон. Ӯ, охир, ҳафтмоҳа шуд, — гӯён Гулҳарам шиками қадре дамидаашро бо меҳр сила кард.

Ман хомӯшона ҷӯгидухтаро ба оғӯш кашида, аз байни абрӯвони пайвастааш бӯсидам...


Аз бозёфти ман ҳатто Чорӣ – бобо мутаассир гашт, бо чашмони мутаҳайир оҳиста ба ман наздик шуд. Гаҳвораро дукаса ба ҷойи ҳамворӣ бардошта овардем. Ҳангоми роҳгардӣ зангӯла маҳину ҳузнангез овоз мебаровард.

Чорӣ – бобо бо дастони ларзон рӯпӯши ба хоку гил олударо аз болои гаҳвора бардошт. Мо ҳар ду мехкӯб мондем. Тифли навзод даруни гаҳвора мехобид. Рӯи ӯ кулчаи ширмолиро мемонд. Гӯиё вай зинда буда, ба хоби фароғат рафта бошад. Дар тамоми бадани кӯдак на гарде дида мешуд ва на пораи гиле. Ба назар чунин мерасид, ки тифл ҳозир чашмонашро кушода, гиряи беғаши худро сар медиҳад.

Аввалин шуда Чорӣ – бобо ба худ омад. Кӯдакро аз гаҳвора кушода, тани беҷону кайҳо сардгаштаашро ба қафаси синаи харобаш пахш кард ва аз қаъри дили абгораш фиғони дарднок баровард.

пешина
аз 164
навбатӣ