Зеҳн
Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

ҳар ҳол ба саволи нозанини фатиламӯй ҷавоб гардондан лозим буд. Рӯямро тофта, посух додам:
— Намедонам.
— Охир, ман туро дӯст доштам, — нолид моҳликои нозукниҳол. — Аз Мюнхен бароят дасти сунъӣ овардаам.

Дар ин ҷойи қисса Фозил остини куртаи дасти чапашро боло кашида, дасти сунъияшро нишон дод.
— Ҳуҷҷатҳоятро барои ҳамчун маъюби гурӯҳи дуюм ба ақибгоҳ фиристодан тахт кардам. Имрӯз ё пагоҳ ҷавоб медиҳанд ва бояд ман туро ба хонаамон, назди модарам ба Мюнхен барам. Аз имрӯз эътиборан номат Фридрих асту насабат Рузвелт. Фаҳмидӣ?
— Не, — розӣ нашудам. — Ман бояд дар назди падари танҳоям бошам.
— Агар ба шартҳои ман розӣ нашавӣ, — ҳамшираи тиббӣ бо қаҳр аз ҷой хест ва ба сӯи дар ду — се қадам гузошта, бо шаст тоб хӯрда суханашро давом дод, — он гоҳ ё туро ба хатти пеши фронт мефиристанд ва ё ба конслагер.
— Ин чӣ хел мешавад? — ҳанӯз дар кунҷи дилам шарораи умед барқ мезад, ки духтар аз ман мегузарад, — ман тоҷику ту миллати ғайр.
— Тоҷикон ориёианд, — Маргарита қатъӣ тасмим гирифта буд. — Ту ориёӣ ҳастӣ, мо ҳам ориёием.
— Ман бесаводам, — ҳасрат намудам, — Агар коммунистон китобҳои моро намесӯхтанд, эҳтимол донотар мешудам.

Дар ин ҷо Сафар даст афшонд. Меҳмон ҳам фаҳмид, ки ҷои ин суханҳо нест ва нақлашро аз ҷои дигар идома дод:
— Чанд рӯз пешниҳоди духтарро дар тарозуи ақл баркашидам ва оқибат таклифашро пазируфтам. Инак, сию

пешина
аз 164
навбатӣ