Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа
наметавонам. Фолбин бо завқ хандид. Ҳеҷ ба ақли расоям намедаромад, ки ҷодугар аз уҳдаи бартараф кардани ин мушкилоти оилавӣ мебарояд. Гулҳарам хандаи беғашашро давом медод. Бо сари хам интизори хотимаи хушҳолии духтар ҳайрон меистодам.
— Мехоҳӣ, ёрӣ расонам, — фолбин аз дастам гирифт.
— Аз уҳдааш мебарой?
— Набошад чӣ. Фақат аз ту як илтимос. Як тори мӯи зан ва як тори мӯи дӯстатро ба ман ёфта биёр.
Бо сад азоб якторагӣ мӯи сари зану шавҳарро ба даст оварда, ҷониби хонаи фолбин давидам. Гулҳарам тори мӯйҳоро бо ҳам пайваста, чизе хонд ва пас аз он мӯйҳоро оташ зад...
Пагоҳӣ Чорӣ — бобо ба лаборатория сар халонда, бо имою ишора маро ба берун даъват намуд. Гумон кардам, ки ҳодисаи ғайриоддие рӯӣ додааст. Давида аз лаборатория баромадам. Мӯйсафед бо сар тарафи кӯчаро нишон дод. Ба ҳамон самт чашм давонда, карахт мондам. Ҷаҳону Шукуфа даст ба даст дода, хандакунон ба сӯи маркази колхоз мерафтанд.
Байни қатори пахтазор чарх зада, таҷрибаомӯзии худро давом медодам. Офтоби пагоҳӣ саховатмандона болои ниҳолҳои пахта нур мепошид. Майдони киштзор баҳри кабудро мемонд ва дар зери боди сабук бо як маром мавҷ мезад. Сурудеро замзама карда, ниҳолҳои пахтаро бо диққат аз назар мегузарондам.
Аз назди дастаи занон нохост баромадам. Сару либосам аҷоиб буд. Дар сар кулоҳи хасини лапаркалоне, ки одатан коресҳо мепӯшиданд, доштам. Айнаки сиёҳи калон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё