Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа
— Не, ман таъна намезанам. Фақат мехостам, ки сабабашро донам. Як фикр маро азоб медод. Гӯиё дили ту ба Зикир моил аст.
— Не! Не! Не! — се бор қатъӣ ва баланд ҷавоб гардонд Гулҳарам ва якбора дар ҷояш истод. — Не! Зикир дар ҳақиқат якчанд бор ба ман таҳдид кард. Зикир барои ман кист? Ҳеҷ кас! Вай бо ду зан зиндагӣ дорад. Дуруст аст, ки аз паси ман кашола шуда мегардад. Сабаб дигар аст. Худам намехостам...
— Наход! Боварам намеояд! Чаро? — якбора дод зада дар ҷоям шах шудам. Рӯзҳои пуразоби дар қисми ҳарбӣ гузарондаамро канда – кандаю берабт қисса кардам.
Духтар сар ба зер хомӯш буд. Дарди дили маро сарҳамона гӯш медод. Аз рӯи зебои духтар чашм наканда пай бурдам, ки дар ин муддат ӯ низ қоҳида, дар зери чашмони шаҳлояш сиёҳӣ пайдо шудааст.
— Чаро, ҷонакам, чаро? — боисрор такрор мекардам.
— Ман метарсидам, — дар охир Гулҳарам ҷавоб гардонд ва овозаш ларзид. — Гумон доштам, ки аз сарнавишт, аз қисмат мегурезам. Акнун ҳар чӣ бодо бод...
Гулҳарам худро ба оғӯшам ҳаво дод.
— Чӣ хел тақдир? Чӣ гуна қисмат? — савол дода тавонистаму халос.
Лабони гармаш сару рӯи маро мебӯсид. Ҳарорати баданаш маро месӯзонд. Духтар маро болои замин хобонд ва лабони ақиқашро ба лабонам часпонд.
— Бигузор чизе шавад шудан гирад, — ҳамин ки мо аз бӯса нафастанг шудему Гулҳарам худро аз болои ман ба замин партофта, дастонашро ба ду тараф ёзонд, ҳамин ҷумларо ба забон овард ва давом дод. — Дигар наметавонам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё