Зеҳн
Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Бо сару либоси низомӣ дар назди дари хонаи Гулҳарам қад афрохтам. Ӯ коса дар даст акнун дарро мекушод, ки чашмаш ба ман афтоду карахт дар ҷояш монд. Коса аз дасташ ба замин афтида шикаст. Нигоҳҳо, нигоҳи узромези ман ва нигоҳи шабҳои интизории духтар, ба ҳам дӯхта шуданд. Гулҳарам ҳар ду дасташро чун боли кабутар бардошт. Ман худро беихтиёр ба оғӯши ҷӯгидухтар ҳаво додам ва ҳис кардам, ки ба қаъри гармии ҳаловатбахш ғӯтида рафтам. Мо дар ин ҳолат ҳайкалро мемондем. Нафас накашида, садои дили пурҳаяҷони худро мешунидем. Сарамро аз байни мӯйҳои парешонаш бароварда, изҳори муҳаббат кардани шудам. Фолбин бо ангуштони маҳини дасташ лабамро баст.

Мо дар оғӯши ҳамдигар ба сӯи талу теппаҳо равон шудем. Аввалҳои моҳи феврал бошад ҳам ҳаво қадре нарм буд. Гулҳарам дасти гарми худро аз миёнам намегирифт.

— Чӣ хел хароб шудай?

— Ғами дидор. Ҷудой маро сӯзонда, ба чӯби хушк табдил дод.

Гулҳарам сар бардошт. Ифодаи ҳисси гунаҳкорона дар чашмонаш инъикос гашт. Ман беихтиёр аламҳоямро пеши рӯ овардам.

— Чаро?.. Чаро вақтҳои охир ба ман дилхунук будӣ? Муомилаат сарду бе ҳис буд? Гумон доштам, ки бо ман вохӯрдан намехостӣ?..

— Ин тавр нагӯй, ҷонакам, — духтар пеши суханамро баст. — Илтимос. Гузаштаро фаромӯш бикун. Дигар таъна мазан.

пешина
аз 164
навбатӣ