Зеҳн
Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

— Чорӣ – бобо даст афшонд. Дар тамоми муддати суҳбат бори якум ман ӯро ғамгин дарёфтам. Чеҳраи ҷасуронаю баҳодуронааш ба якборагӣ тира гашт.

— Яганташ ба мана нараптай. Қувандикаш майзадаи нашуд. Сувандикаш нашаманди худозадагӣ. Каланиша ду бар зан дадум. Майдакиш ду бар ба турма аптид...

Пирамард сарашро поин кард. Бурутҳои тор — тораш ҳам заданд. Дастони кӯтаҳу боқувваташ худ аз худ ба ларзиш даромаданд. Дилаш ҳичил гашта, дар байни абрӯвони рехтааш гиреҳ пайдо шуд. Ӯро бо фикру андешаҳои ғамгину ғуссаовар гузошта, аз саволи додаам пушаймон шуда, беовоз аз болои кат хестам...


Вохӯриҳоямонро давом медодем. Чун хуршеди оламоро ба замину замон видоъ карда, ҷояшро ба моҳи ҳилол мебахшид, ман қанот бароварда, ба сӯи манзили умед мепаридам. Бо тамоми вуҷуд ҳис мекардам, ки гӯё ман чун боде дар парвозам.

Вале рӯзҳои охир ҳис мекардам, ки дар муносибати мо сардие пайдо шудааст. Он самимияти пештара ба куҷое ғайб зада, чӯгидухтар худашро аз ман дур гирифтанист. Ба саволҳои боисрори ман Гулҳарам номуайян ва ё бо дили нохоҳам ҷавоб мегардонд, ё ба нуқтаи дуру дароз чашм медӯхт.

— Не, ҳеҷ гап нашудааст. Ба назаратон ҳамин тавр менамояд. — чунин буд одатан ҷавоби фолбин.

Ҳар бегоҳ пас аз чунин мулоқотҳои сарду якранг маюсу ғамгин гашта аҳд мекардам, ки дигар ба назди чӯгидухтар намеравам.. Чун субҳ медамид, ҷойи нишаст

пешина
аз 164
навбатӣ