Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа
Байни мо сукути кӯтоҳе ба миён омад. Ҷорӣ — бобо аз афташ худро савори аспи туруки бодпо ҳис мекард. Дар сари зин Айқизи ҷавони нозанин гардани кӯтоҳу ғафси ӯро сахт ба оғӯш гирифтааст. Асп чун тир ба самти офтоббаро метозад. Бод дар гӯшҳо хуштак мекашад. Бари чакмани сиёҳи савор чун боли уқоб мелапад. Ҷорӣ барои аз думболагирии рақибон раҳои ёфтан аспро бераҳмона қамчин мезанад.
— Ҳайпи чигитӣ, — оҳ кашид Ҷорӣ — бобо ва ба насиҳат гузашт. — Ту, ҷӯра, гапи мара бигӣ. Ай қапои ҳаму палбин надаВ. Дивана пивана нашавӣ. Ина, дар қишлақи таҷика чӣ бисяр, духтар бисяр. Дар хар хана ду — се каптарай. Чертак зада бигӣ. Ана, яташ ба тура хат менависа — ку? Духтари базебай. Ма аспа тайяр када мемонум. Я шав ба сағрии асп мепартаю ба ханаи ачат мебарӣ. Қалин — палин наметӣ.
Ҷорӣ — бобо дар ин ҷойи сухан парида аз ҷой хест. Аз куҷое қамчин бароварда, ба даҳони пури носаш тикқонд. Ва гӯё ҳақиқатан савори асп бошад, бо ду даст хаёлан чилавро дошта, ба пайраҳаи бари талу теппа ҷонварро метозонд. Дар ин ҳолат чашмонаш медурахшиданд ва симояш роҳзани асилро мемонд.
— Уп, — беҳолона мӯйсафед худро ба лаби кат партофт.
— Ба чигитои ҳазира нига када дилум хунук мешава. Ҳаминам бузбалагию ҳаминам чигитӣ шидай? Дар ҷаваним қарару арамӣ надаштум. Гаҳ буз мекашидуму гаҳ гуштӣ мегириптум. Чар бар ай асп аптидум. Ду бар дастум шикаст. Яғап рӯз ба хана бе салим намеомадум.
— Писаронат ба худатон рафтааст? — ин савол нохост аз даҳонам баромад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё