Асрори кӯлҳои шифобахш

Китоби мазкур ба асрори кӯлҳои шифобахши Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он оид ба гилҳои шифобахши кӯлҳо ва чашмаҳои давой маълумоти мушаххас пешниҳод мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 93 саҳифа
мутахассисон ва таҷҳизотҳои зарурӣ таъмин менамуданд. Муҳаққиқон баҳри парвариш ва афзун гардонидани фардҳои ин ҷонвари малеҳу шифобахш чораю тадбирҳои таъхирнопазир меандешиданд. Дар баробари афзун гардонидани ин ҷонвари шифобахш онро дар муассиса ва марказҳои тиббию табобатии мамлакат паҳн ва истифодаашро васеъ ба роҳ мемонданд. Ин амал ҳоҷатмандон ва маризонро аз дарду ранҷ раҳо мебахшид. Хуб мешуд, ки дар навбати аввал дар назди кӯли Ғӯзаҷок табобатгоҳ созмон дода, маризонро ба табобат фаро гирифта мешуд. Амалӣ гардидани ин пешниҳод агар аз як тараф боиси беҳдошти саломатии маризон гардад, аз ҷониби дигар табибон ва дигар кормандони ёрирасон бо ҷои кор ва маош таъмин мегаштанд. Бо мақсади ҳарчи бештар ҷалб намудани маризон баҳри табобат бо зулук корҳои ташвиқоту тарғиботро вусъат дода, дар маҷаллаю рӯзномаҳо ва радиову телевизион мавод пешкаш менамуданд (Аброров Ҳ., Ризоева О. «Илм ва ҳаёт». №2. Д. 2017, с. 18-19).
3.3. Кӯлҳои пиряхии муолиҷавии
Помири Шарқӣ
Кӯлҳои пиряхии муолиҷавӣ дар сарзамини Помири Шарқӣ ҷойгир шудаанд. Помири Шарқӣ паҳнкӯҳи баландтарини Осиёи Миёна буда, дар маҳалҳои алоҳидаи сатҳи он пасткӯҳҳо, миёнакӯҳҳо ва баландкӯҳҳо ҷойгир шудаанд. Дар ҳадди шимол қаторкӯҳи Паси Олой, дар мобайн қаторкӯҳҳои Музкол, Пшарт ва Аличури Шимолӣ, дар ҳадди ҷануб қаторкӯҳҳои Аличури Ҷанубӣ ва Вахон, дар самти шарқ ҳамчун сарҳади табиӣ қаторкӯҳи Сарикӯл

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё