Асрори кӯлҳои шифобахш

Китоби мазкур ба асрори кӯлҳои шифобахши Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он оид ба гилҳои шифобахши кӯлҳо ва чашмаҳои давой маълумоти мушаххас пешниҳод мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 93 саҳифа
моддаҳо натанҳо ба маҳалли газидашуда, балки ба тамоми узвҳои аъзои бадан таъсир мерасонанд. Шираи ғадуди оби даҳони зуллук таъсири бисёрҷабҳа дорад, биноан онро «фабрикаи хурд»-и дорутайёркунанда меноманд. Зуллук инчунин ба бадани инсон таъсири «энергетикӣ» ва «рӯҳӣ-табобатӣ» мебахшад.
Бемориҳое, ки баҳри табобаташон аз зуллуки тиббӣ истифода бурда метавонанд инҳо мебошанд: бемориҳои дилу рагҳои хунгард, васеъшавии рагҳои вена, бемориҳои аъзои нафаскашию ҳазми хӯрок, геморрой, гинекологӣ, урологӣ, неврологӣ, бемориҳои сутунмӯҳра ва такягоҳу ҳаракат, пӯст, шамолхӯриҳои пӯст, аллергия. Бемориҳои гӯш, бинӣ, чашм ва ғайра. Ҳар кадоме аз ин бемориҳо навъу намудҳои гуногун доранд. Аз ин лиҳоз истифодаи зуллук баҳри табобат бо тавсияи бевоситаи табибон ва зери назорати онҳо гузаронида мешавад, зеро бемориҳое ҳастанд, ки истифодаи зуллук қатъиян мамнӯъ мебошад. Ба худмуолиҷакунӣ машғул шудан норавост, чунки оқибатҳои ногувор пеш оварда метавонад.
Хотирнишон менамоем, ки ҳоло Ҷумҳурии Тоҷикистон зуллукҳои табобатиро аз дигар мамлакатҳо бо нархи гарон ворид мекунад. Яке аз мамлакатҳое, ки он аз зуллукҳои тиббӣ бой аст, ин Туркия ба ҳисоб меравад. Як қатор савдогарон аз он ҷо зуллукҳоро харидорӣ намуда, ба ватани худ баҳри табобати маризон ворид мекунанд. Хуб мешуд, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин кӯлро зери ҳимояту назорати худ мегирифтанд ва аз харобу тороҷшавӣ ҳифз менамуданд. Ин ҷо лабораторияи махсус таъсис дода, бо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё