Зеҳн
Асрори кӯлҳои шифобахш

Китоби мазкур ба асрори кӯлҳои шифобахши Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он оид ба гилҳои шифобахши кӯлҳо ва чашмаҳои давой маълумоти мушаххас пешниҳод мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 93 саҳифа

СаломатӣЭкологияИлм
Аз аввал хондан

дар фаслҳои зимистону баҳор истифода бурдан ба матлаб мувофиқ дониста мешавад.

Қаторкӯлҳои Танобчиро (Совет-Темурмалик) бошандагони маҳаллӣ дар давоми моҳҳои июлу август ҳамчун воситаи табобат истифода мебаранд. Дар ин давра зери ҷараёни биокимиёвӣ қабати поёнии лойқа хеле хуб метасфад ва барои истифода созгор мегардад.
Солҳои охир ба лойқаи кӯлҳои Танобчӣ муассисаҳои табобатӣ таваҷҷӯҳи бештаре зоҳир мекунанд, сарфи назар аз ин истифодаи маводи табиию табобатӣ истифодаи босамари худро наёфтааст.

Бояд гуфт, ки хусусиятҳои физикӣ, механикӣ ва химиявию бактериологии лойқаи кӯл ба коркарди (тайёр намудани) иловагӣ эҳтиёҷ надорад. Аз ин ваҷҳ лойқаи муолиҷавии кӯлҳои Танобчиро бе коркарди пешакӣ дар муассисаҳои табобатию осоишии ҷумҳурӣ истифода бурдан мумкин аст.

Дар наздикии шаҳри Кӯлоб Пӯшион (Пӯшиён) ном кӯле мавҷуд аст, ки он оби маъданӣ ва лойқаи давобахш дорад. Чашмакӯли Пӯшион дар ноҳияи Восеъ воқеъ гаштааст. Оби он ба дараҷаи баланд (257 г/дм³) маъданнок гаштааст ва ҳарораташ ба 23°С мерасад. Аз ҷиҳати таркиби химиявӣ хлоридию натригӣ буда, гидрогенхлорид (0,23 г/л), бром (0,12 г/л), йод (0,002 г/л) дорад.

Масрафи оби чашма 0,75 л/с ва ё 64,8
м³/шабонарӯзро ташкил медиҳад. Дар наздикии
баромадгоҳи оби зеризаминӣ ҳамин хурде мавҷуд аст,
ки он ҷо оби ғанимаъдан ғун шуда, кӯли хурдеро пайдо
намудааст. Дар зери он қабати тунуки (5-7 см) лойқаи
сиёҳи часпак ташаккул ёфтааст аз он бӯи
гидрогенхлорид меояд. Ҳарорати лойқа вобаста ба

пешина
аз 93
навбатӣ