Асрори кӯлҳои шифобахш

Китоби мазкур ба асрори кӯлҳои шифобахши Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он оид ба гилҳои шифобахши кӯлҳо ва чашмаҳои давой маълумоти мушаххас пешниҳод мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 93 саҳифа
Реҷаи ҳарорати лойқаи кӯлҳои Танобчӣ одатан аз моҳи октябр то апрел вақте, ки ҳарорат дар он ба 30°C мерасад ва дар шӯробаи давоӣ ҳангоми ҳарорат ба 8-15°C расидан зоҳир мегардад. Ҳарорати лойқаи хокистарранг, ки зери маҳинхок хобидааст аз 8-15°C баланд намешавад. Ҳарорати баланд доштани лойқаи кӯлро бо он шарҳ дода мешавад, ки ҳангоми ба кӯл дохил шудани обҳои сатҳӣ ҳалшавии намак бо суръат мегузарад ва раванди биохимиявӣ шиддат мегирад, ҳарорат хориҷ мешавад. Дар фасли тобистон баъди хотима ёфтани ғизогирии сатҳии кӯл ҷараёни таҳшиншавии намак рух медиҳад, дар ин мавриди ҳарорати лойқа ва ҳарорати шӯробаи кӯл баробар мешавад.
Захираи лойқаи ба ҳисоб гирифта ва тасдиқ намудаи ГКЗ аз рӯи дараҷаи А - 4,9 ҳазор тонна, аз рӯи дараҷаи В - 14,4 ҳазор тонна пас, аз рӯи дараҷаҳои А+В ба 19,3 ҳазор тонна баробар аст (А. О. Орифов; Ш. Ш. Деникаев. Д. 2006, с. 91).
Захираи лойқаи кӯлҳои Танобчӣ ба талаботи санитарию обтабобатӣ ҷавобгӯй мебошад, вале шароити табиию географии ин мавзеъ барои бунёди курорту санаторияҳо чандон созгор нест. Барои ҳамин ҳам тавсия дода мешавад, ки лойқаи табобатиро ба муассисаҳои табобатии вилояти Хатлон ва навоҳиҳои тобеи марказ кашонида шавад. Ин амалро лозим меояд, ки дар фасли тобистон ҳангоме, ки оби сатҳи болоии кӯл мехушкад ба мошинҳо бор карда, ба муассисаҳои табобатӣ интиқол дода шавад, зеро дар ин фасли сол кори аз кӯл гирифтани лойқа осон мебошад. Лойқаи гирифташударо дар анборҳои махсус нигоҳ дошта, онро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё