Асрори кӯлҳои шифобахш

Китоби мазкур ба асрори кӯлҳои шифобахши Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он оид ба гилҳои шифобахши кӯлҳо ва чашмаҳои давой маълумоти мушаххас пешниҳод мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 93 саҳифа
намакиро дар ташаккули лойқа ҳамаҷониба омӯхтан лозим меояд.
Яке аз сабабҳои дигари бад гардидани сифати лойқаи давоӣ ин гаштугузори бенизоми мусофирони давоҷӯй дар болои он мебошад, ки барои худмуолиҷакунӣ ба ин макон омада мераванд. Бо мақсади пешгирии ин рафтори ношоистаи одамон корҳои тарғиботиро вусъат дода, ба воситаи аломатҳои шартию огоҳкунанда садди ни амалиёт бояд гашт.
Мушоҳидаи олимон ба он далолат мекунад, ки миқдори захираи ин маводи муолиҷавӣ торафт кам шуда истодааст. Қисме аз лойқаи шифобахш дар маҳалҳои ғарбии кӯл зери регу хок, шағалу сангреза ва дигар ҷинсҳои бегона монда, хосиятҳои табобатиашро гум кардааст. Тақдири минбаъдаи ин дорухонаи табиӣ ба ихтиёри қудрати табиат гузошта шудааст. Онро кас назорат намекунад ва барои нигоҳ доштани сифатҳои давоияш ғамхорӣ зоҳир намекунад.
Геологҳои шинохтаи Тоҷикистон Р.Б. Баротов ва В.П. Новиков (1988) қайд намудаанд, ки қабатҳои миоцении (нимаи аввали неоген) ҳавзаи Оксукон дар таркибашон намаки зиёд доранд. Чашмаҳои шӯробаи доманаи кӯҳҳои Қизилҷару Окбел тобистон хушк мешаванд. Барои ҳамин ҳам манбаи оби кӯл ва ҳам манбаи воридоти намак дар нимаи дуюми фасли тобистон кам шуда, ниҳоят мехушканд, ки ин вазъ ба ташаккули минбаъдаи лойқа ва афзудани захираи он монеъ мегардад.
Хулоса, дар фаслҳои гуногуни сол лойқаи давоӣ гоҳо бо обу лой гӯр мешавад ва гоҳо бе об монда, хушку заранг мегардад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё