Асрори кӯлҳои шифобахш

Китоби мазкур ба асрори кӯлҳои шифобахши Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он оид ба гилҳои шифобахши кӯлҳо ва чашмаҳои давой маълумоти мушаххас пешниҳод мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 93 саҳифа
Модоме ки мо имрӯзҳо оид ба сифати баланди лойқаи давоии кӯли Оксукон ҳарф мезанем, онро ситоиш мекунем ва ин неъмати нодири табиии табобатиро баҳри беҳдошти саломатии худ истифода мебарем, мо ҳам дар навбати худ дар назди ин маводи мӯъҷизаофар қарздорем ва бояд ғами ояндаи онро хурем, «саломати»-и онро беҳ гардонем, ба он «умри» дароз бахшем (Ҳ. Аброров. Д. 2003, с.77).
Аз мушоҳидаи муҳаққиқон маълум мешавад, ки сифати лойқаи Оксукон сол то сол бад ва миқдори он кам шуда истодааст. Омӯзишҳои ҷуғрофӣ ва гидрогеологӣ нишон доданд, ки яке аз сабабҳои бад шудани сифати лойқаи давоӣ ин пайдарпай ифлос шудани лойқа бо маводҳои нолозим мебошад. Боришҳои ногаҳонии мавсимии баҳорӣ, ки ба пайдоиши сел асос мегузорад, хоки намакдори шагалу рғомез, инчунин сангрезаю сангпора ва дигар ҷинсҳои дағал (нодаркор)-ро ба осонӣ шӯста ба кӯл меоваранд. Ин ҳодиса бештар дар самти ғарбии кӯл рӯҳ медиҳад. Барои ҳамин ҳам сифати давоии қисми ғарб аз қисми шарқ хеле бад мебошад. Модоме ки воқеа ин тавр сурат гирифта меистад, пас лозим аст, ки пеши роҳи ин ҳодиса ба андозаи имконпазир пешгирӣ карда шавад. Ба пиндори мо, таъсири ин ҳодисаи номатлуби табиатро ба воситаи тадбирҳои муҳандисию техникӣ гирифтан ё мӯътадилтар гардонидан мумкин аст. Ин тадбир бояд ба самте ҷараён ёбад, ки обҳои мавсимӣ ба осонӣ вориди кӯл шуда тавонанд, вале ҷинсҳои нолозим боздошта, таҳшин карда шаванд. Бо ин мақсад сохтани обанборҳои хурд, дарғот ва ҳавзҳо ба мақсад мувофиқ хоҳад буд (Ҳ. Очилов, Ҳ. Аброров. Л. 1995, с.35).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё