Зеҳн
Асрори кӯлҳои шифобахш

Китоби мазкур ба асрори кӯлҳои шифобахши Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он оид ба гилҳои шифобахши кӯлҳо ва чашмаҳои давой маълумоти мушаххас пешниҳод мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 93 саҳифа

ИлмСаломатӣЭкология
Аз аввал хондан

табобати мунтазами беморон дар назди кӯл табобатхона сохта шуд ва табобати ҳақиқӣ ба воситаи ин лойқа оғоз ёфт. Он вақт ин табобатхона ҳамагӣ 30 ҷой дошт. Ҳоло дар назди кӯл амбулаторияи мавсимӣ ва дар деҳаи Қамишқургон беморхонаи доимӣ сохта шудааст, ки баҳри сиҳатии мардум хизмат мекунад.

Бино ба маълумоти И.И. Исмоилов (1988) амбулаторияи табобатии Оқсукон дар як вақт 200-250 нафар дардмандро ба муолиҷа фаро гирифта метавонад.
Беморхонаи Қамишқургон, ки он аз кӯл 6 км дур воқеъ гаштааст, 50 кат дорад ва дар давоми сол 600 нафар дардмандон дар ин ҷо табобат қабул мекунанд.

Нисбати истифодаи лойқаи шифобахши Оқсукон баҳри табобатии бемориҳо олимони зиёд тадқиқот бурдаанд, вале омӯзиши ҳамаҷонибаю муфассали ин кори начибро номзади илмҳои тиб В. Мадумаров ба сомон расонидааст. Аз рӯйи тадқиқоти бардавом ин олим муқаррар кардааст, ки ба воситаи лойқаи Оқсукон касалиҳои аъзои таягоҳу ҳаракат, пӯсту пай, системаи асаб ва агар саҳеҳтар баён кунем, касалиҳои тарбод, бруселлёз, гулӯ дард, баъзе касалиҳои меъдаю рӯда, ҷигару талхадон, радикулит, баъзе касалиҳои хоси занона, касалии хубобҷаҳои насл ва ғадудҳои мардона, иллати мағзи сар, баъзе ҷароҳат ва маъюбӣ, дардҳои фасоди пӯстро бомуваффақият табобат кардан мумкин аст. Инчунин маълум карда шудааст, ки ин лойқа хусусияти косметикӣ ҳам дорад, ба онҳое, ки ба садамаи ҷараёни нерӯи барқ дучор шудаанд, манфиат мерасонад.

Ҳоло ин лойқаи давоиро дар табобатхонаи
физиотерапевтии ҷумҳуриявии ш. Хуҷанд, клиникаи
ҷумҳуриявии № 3, табобатхонаи № 4, табобатхонаи
Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Чкаловск,

пешина
аз 93
навбатӣ