Зеҳн
Асрори кӯлҳои шифобахш

Китоби мазкур ба асрори кӯлҳои шифобахши Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он оид ба гилҳои шифобахши кӯлҳо ва чашмаҳои давой маълумоти мушаххас пешниҳод мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 93 саҳифа

ИлмСаломатӣЭкология
Аз аввал хондан

Ширинии атмосферӣ ба воситаи сойи Даҳана ва дигар сойҳои паҳлӯӣ ба кӯли Оқсукон дохил мешаванд.

Аз гуфтаҳои боло маълум мешавад, ки кӯли норавон ва шӯри Оқсукон дар давоми сол манбаъҳои боэътимоди ғизогирии пайдарпаю доимӣ надорад. Барои ҳамин ҳам андоза ва чуқурии кӯл вобаста ба хусусиятҳои обу ҳаво дар давоми фаслҳои сол ва солҳои алоҳида тағйир ёфта меистад. Ин аломату хосиятҳо Оқсуконро ба кӯли Чади Африқо ва Эйри Австралия шабеҳ гардонидааст.

Ҳангоми фаслҳои сербориш (зимистону баҳор) сатҳи оби кӯл баландтар мешавад. Ин ҳангом шӯрии об ба 10-15 фоиз мефарояд. Дар натиҷаи гармии фасли тобистон ва тез-тез вазидани бодҳои гарм оби кӯл бухор шуда, ниҳоят мехушкад. Ин ҳангом шӯрии оби кӯл ба 35-40 фоиз мерасад (А. Мадумаров. Д. 1974, с. 11).

Дар миёнаи тобистон қисми ғарбии кӯл ва дар охири тобистон қисми шарқии он мехушкад. Ин ҳангом сатҳи болоии Оқсуконро қабати тунуки 2-5 сантиметраи намак пӯшонида мегирад, ба назар чунин менамояд, ки дар мавсими тобистон болои кӯлро яхи сафед фаро гирифтааст. Одами вазни миёна дошта, ҳангоме ки дар болои ин қабати намак роҳ мегардад намеғалтад, ғарқ намешавад. Рӯпӯши намакӣ чун ҷилди боэътимод лойқаи давоии дар зер бударо аз хушкидани минбаъда эмин нигоҳ медорад ва нарм боқӣ мемонад (ниг. расми 1).

Хокҳои гирду атрофи кӯл асосан хокистарранги шӯрхок мебошанд. Таркиби хок аз порухок (гумус) камбағал буда, дар чуқуриҳои 10-12 см ба 0,21 фоиз ва дар чуқурии 40-50 см ба 0,15 фоиз мефарояд. Олами набототу ҳайвоноти атрофи кӯл низ камбағал мебошад.

пешина
аз 93
навбатӣ