Зеҳн
Асрори кӯлҳои шифобахш

Китоби мазкур ба асрори кӯлҳои шифобахши Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он оид ба гилҳои шифобахши кӯлҳо ва чашмаҳои давой маълумоти мушаххас пешниҳод мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 93 саҳифа

ЭкологияИлмСаломатӣ

МУҚАДДИМА

Ба миён омадани ғояи соли байналмилалии «Оби тоза» (с.2003), даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» (солҳои 2005-2015), соли байналмилалии ҳамкорӣ доир ба истифодаи босамари об (с.2013), ки аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Созмони бонуфузи ҷаҳонӣ – Созмони Милали Муттаҳид ба миён гузошта шуда буд, мамолики ҷаҳон бо хушнудӣ пазируфтанд ва баҳри ҳалли муаммоҳои он тамоми нерӯи ақлонӣ, техникӣ, хоҷагӣ-молиявӣ ва ғайраро равон карданд, доир ба иҷроиши амалии онҳо кори зиёдеро анҷом доданд. Дар ин ҷода олимон ва коршиносон баҳри дарёфти муаммоҳои об ҷиддӣ машғул шуда, ба дастовардҳои назаррас ноил гаштанд, мақолаҳои сершумор, китобҳои илмӣ-оммавӣ ва монографияҳои пурарзиши илмӣ таълиф намуда ба пешрафти илми обшиносӣ такони пурзӯр бахшиданд. Дар ин ҷода ба омӯзиши пиряхҳо, дарёҳо, кӯлҳо, обҳои зеризаминӣ диққати бештар дода шуд, китобҳои арзишманд дастрасии хонандагони гиромӣ гардиданд. Мутаассифона, омӯзишу таълифотҳо доир ба кӯлҳои лойқаҳояшон шифобахш ва обҳои маъдании давобахш аз мадди назари муҳаққиқону муаллифон, ки ҷузъ аз сарватҳои табиии мамлакати пургановатамон мебошанд, дур мондаанд.

Бо итминони комил гуфта метавонем, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шудани даҳсолаи байналмилалии

аз 93
навбатӣ