Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

АдабиётФарҳангМаърифат
Аз аввал хондан

адибони кӯҳансол ва ҷавон хизмати басазо карданд.

Устод Айнӣ яке аз бузургтарин донишмандони соҳаи забони тоҷикӣ буд ва таърихи дуру дарози халқи мо ба ин донишмандиву бузургворӣ кам касеро медонад. Иқтидори камназири забони ӯ аз он ҷо буд, ки андӯхтаҳои бепоёни забони адабии асрҳои гузашта ва забони зиндаи халқро бо ҳама нозукиҳояш хеле табиӣ ба ҳам созгор оварда, як сифати нави олиҷаноби имрӯзӣ ҳосил намуд, ки ба талаботи замони нав ҷавоб мегуфт. Вай дар ин роҳ ҷустуҷӯҳои Аҳмади Дониш ва пайравони ӯ, аз ҷумла маорифпарварони оғози қарни XX-ро мувофиқи шароити дигарсозиҳои инқилобии зиндагии халқ ба савияи баландтаре давом дода, ба сарманзили мақсуд расонид. Донишҳои фаровони амиқ ва қувваи азими эҷодкорӣ, ки ӯ дошт, имкон дод, ки дар як раванди бузурги таърихӣ — дар ҷараёни демократӣ шудани забони адабӣ бағоят нақш ангехт.

Хушбахтона, чӣ сарватҳои ҳазорсолаи забони адабӣ ва чӣ ҳастии ҳозираи забони зиндаи халқ дар шахсияти устод Айнӣ ба ҳам омада буд ва бо ҷустуҷӯҳои ҷасуронаи ӯ байни худ муносибати нави диалектикӣ пайдо карда, барои оғози як давраи нави таърихи забон замина тайёр кард.

Дар натиҷаи ба ҳам наздик шудани халқҳои қаламрави империявии шӯравӣ забони адабии тоҷикӣ аз дорандаҳои дигар забонҳо, хусусан забони русӣ истифода кард ва аз ин ҳисоб дар баъзе мавридҳо ғанӣ шуд. Солҳои сиюми садаи XX асарҳои оламшумули адабиёти русӣ ва ҷаҳон ба тоҷикӣ тарҷума шудан гирифтанд. Ин тарҷумаҳо ва умуман бо забони русӣ шинос шудани ҷавонон имкон дод, ки забони тоҷикӣ баъзе шаклу воситаҳои нави ифода, мафҳумҳо ва калимаву ибораҳои тоза, қолибҳои пургунҷиши суханро аз худ кунад ва имкониятҳои он афзояд.

Дар ин шароит бисёр имкониятҳои дохилии забони тоҷикӣ ҳам фаъол шуданд ва сифати нав пайдо намуданд. Ин раванди дутарафа — фаъол шудани қувваҳои дохилии забон ва робитаҳои рӯзафзуни байналмилалӣ дар солҳои баъд, солҳои панҷоҳу шаст ва ҳафтоду ҳаш-тоди асри XX давом кард.

Лекин роҳҳои инкишофи забони адабии тоҷикӣ дар ин муддат ҳаргиз ҳамвор набуд ва имрӯз ҳам баъзе тамоюлоти зиддиятнок ба назар мерасад.

пешина
аз 393
навбатӣ