Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

МаърифатАдабиётФарҳанг
Аз аввал хондан

қувват гирифт. Баланд бурдани сатҳи саводи ҷомеа аз муҳимтарин вазифаҳои таърихист. Минбаъд истиқлоли фарҳангии миллат вобаста ба иҷрои ин вазифа хоҳад буд. Банда барои иҷрои ин вазифаи бузург пешниҳодҳои мушаххас дорам, ки дар китобҳои «Инсонгароии омӯзиш ва забони миллӣ» ва «Сарнавишти форсии тоҷикии Фароруд дар садаи бист» баён шудаанд.

Умед аст, ки чопи нави китоби «Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад» низ ба ин кор мусоидат хоҳад кард.

Сипосгузорам нашриёти «Ирфон» ва сарвари он Ҷӯрабой Шарифовро, ки бо қадршиносӣ ва ҳиммат бандаро ба омода кардани чопи нави ин китоб водоштанд ва ба вироиши он, ки ҳоло анҷом додам, сабаб шуданд.

пешина
аз 393
навбатӣ