Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

дасти худро бардорад» ё дар фармони ҳарбии «Дасти худро бардор!» ва монандӣ инҳо зикри худ хилофи мантиқ аст, онро мантиқ намебардорад ва аз ҳамин сабаб сухан хандаовар шудааст.
Лекин муайян кардани ин, ки таъкид дар кадом вақт таъкиди ҷоиз аст ва кадом вақт ноҷоиз,— ғайри хеле душвор аст. Дар ин маврид лозим меояд, ки ҳар кас мувофиқи табъи худ, аз рӯйи фаҳмишу савобдиди шахсӣ амал кунад. Агар кас дорои табъи салим бошад, бо такозои савқи табиъӣ меъёри суханро меёбад.
Чунончи Р. Ғаффоров дар ҳамон мақола аз устод Айнӣ ин ҷумларо гӯшзад карда буд: «Зеро ӯ (Навоӣ—Р. Ғ.) бо хоҳиши дӯстдорӣ забони модарии худ ва халқи худ ва баробар бо адабиёти нафисе, ки ба адабиёти пешқадами он замон—адабиёти форсӣ баробарӣ кунад, сероб ва ғизоб кардани ҳамзабонони худ бо забони ва қалами худ ба адабиёти узбекӣ чӣ қадар хизмати намоён карда бошад, бо хоҳиши инсониятпарварӣ ва бо мақсади хизмат кардан дар санъати интернационалӣ дар адабиёти форсии замони худ ҳам бо забони худ, ҳам бо қадами худ, ҳам бо тарбияи маънавии худ ва ҳам бо сарфи моли худ ҳамон қадар хизмати намоён кардааст».
Чунончи мебинем, дар ин ҷумла худ 9 бор ба кор рафтааст, ки ҳама баҷо ва равост. Комилан ҳақ ба ҷони Р. Ғаффоров мебошад, ки гуфтааст: худ дар ин ҷумла «дар ҳар ибора бо исми наве алоқа баста, дар тасдиқи мансубият хизмати хуби грамматикию услубӣ адо намудааст».
Дар ҷумлаи мазкур нӯҳ бор омадани худ баҷову раво бошад ҳам, дар ҷумлаҳои поин на фақат ду бор, ҳатто як бор омадани он, ба назари мо, чандон зарур набуд: «Темурмалик бо ҷанговарони худ сафари худро давом дод», «Пасу пешро боз як карат аз назари худ гузаронид», «рӯйи худро турш кард», «чашмони худро нимпӯш кард».
Фикри Р. Ғаффоров дар ин масъала аз фикри мо фарқ дорад. 9 ҷумлаҳои охирро зикр намуда, «истеъмоли калимаи худро дар таъкиди соҳибият зарур» донистааст. Шояд дар ҳақиқат чунин бошад. Бино бар ин аз ҳукми қатъӣ худдорӣ намуда, ҳалли масъаларо ба хонандагон ҳавола кардан мехоҳем.
Ниҳоят, оид ба худ боз як масъалаи дигарро хотиррасон хоҳем кард.
Ҳоло боз як навъи дигари кор фармудани «худ» ривоҷ

пешина
аз 393
навбатӣ